Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
давлатҳо, ташкилоту муассисаҳо буҷаи мустаҳкам ё худ зиёд дошта бошанд, ҳамон қадар имконот ва қудрати инкишофи онҳо бештар мешавад.
Нақшаҳои соҳибкорӣ агар доимо буҷаи зарурии худро дошта бошанд, пурра амалӣ мегарданд, яъне тактикаи иҷроиши нақшаҳо бо роҳи буҷагузорӣ, дар навбати аввал дар вақти банақшагирӣ ва маротибаи дуюм дар ҳолати назорати иҷрои он сурат мегиранд.
Роҳбарияти ҳар як ташкилот бояд вариантҳои беҳтарини стратегиро интихоб намоянд, ки дар навбати худ самаранокии молиягузориро таъмин созад.
Барои таъмини ин нишондиҳанда менеҷменти ташкилотро зарур аст, ки тамоюли ҳолати бозорро аз нигоҳи мавқеи моли ташкилоти хеш дуруст баҳо дода, ояндаи онро пешгӯй карда тавонад. Ин чунин маъно дорад, ки буҷагузорӣ мутлақ ва ё худ доимӣ набуда, вобаста ба ҳолатҳо, тағйиротҳо, талаботҳо, метавонад тағйир ёбад. Доимо роҳбарияти ташкилот, шӯъбаҳои махсуси менеҷменти ташкилот бояд таҳлили васъ ва ҳаматарафа, инчунин боз як қатор корҳои профилактикӣ, мувофиқакунонӣ, мониторинг ва банақшагирии нав дошта бошанд. Хулоса, тамоми сол бояд оид ба ин масоил ҷараёни бевоситаи роҳбарӣ вуҷуд дошта бошад.
Менеҷерони таҷрибадор ва умуман санъати менеҷмент талаб менамояд, ки буҷагузорӣ барои як сол не, балки 2-3 ва ҳатто 5 то 10 сол бояд нақшаи стратегӣ дошта бошад, яъне мо бояд фақат ғами имрӯзро нахӯрда, андешаи 3-5 сол ва 10 соли ояндаро дошта бошем. Такрор ёфтани вақтҳои сол ва ҷараёни корӣ ба буҷагузорӣ як давраи муайян, аксар вақт охири сол ё аввали солро дорад. Бинобар ин, то ин вақт менеҷерон бояд тайёр бошанд.
Бояд дар хотир дошт, ки муносибат ба буҷа ва буҷагузорӣ характери миллӣ низ дорад. Мисол, дар аксари давлатҳои Аврупо буҷагузорӣ ҳамчун элементи идоракунии ташкилот истифода карда мешавад, вале дар Амрико ва баъзе давлатҳои Шарқ буҷагузорӣ ҳамчун элементи маҷбурсозӣ барои ин ё он фаъолият, ки шояд на ҳама вақт фоида дошта бошад, истифода карда мешавад, яъне дар ин давлатҳо ба мақсадрасӣ, ё худ мавқеъгирӣ нишонаи асосии буҷагузорӣ ба ҳисоб рафта, фоида ба ҷои дуюм гузошта мешавад.
Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки буҷагузорӣ дар ҳар мамлакат, халқу миллатҳо, ба монанди модели идоракунии ташкилоту муассисаҳо модели

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо