Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

дошта бошед, ки роҳбарияти ташкилот натиҷаи буҷавиро таҳлил карда, оид ба фаъолияти Шумо — менеҷерон ва дараҷаи инкишофи соҳибкорӣ фикри худро баён месозад.

Асосан назорати иҷроиши буҷа чор давраро дар бар мегирад:

  1. Дидани чорабиниҳои назоратӣ, омӯзиш, тафтиш, ревизия вобаста ба зарурият.
  2. Натиҷаҳои бадастоврдашударо ҳатман навишта гиред.
  3. Муваффақиятҳоро ба натиҷаҳои нақшавӣ муқоиса намоед.
  4. Хулосаи зарурии худро ҳатман зикр намоед.
  5. Мукофот, ё ҷазоро муайян созед.

Агар натиҷаҳо манфӣ бошанд, сабабҳо бояд оҷилона таҳлил карда шаванд. Барои иҷрои ин фаъолият системаи аниқу саривақтии ҳисоботи молиявӣ ҷорӣ намудан шарти зарурӣ мебошад. Инчунин дар хотир дошта бошед, ки баъзе аз тағйиротҳо ба манфиати кор низ мебошанд, ки онро мо дар боло қайд карда будем. Аммо омӯзиш ва назорати доимӣ имкон медиҳад, ки ҳарчӣ хубтар ҳолатро зери назорати худ дошта бошед, ва доимо аз ӯҳдаи идоракунии он баромада тавонед. Барои ин хуб мешуд, ки дар ҳисоботҳои молиявӣ фарқият дар шакли ҷадвали + ; - нишон дода шаванд.

Асосан, тағйироти зиёд, ё худ фарқияти зиёди ҳақиқӣ ва нақшавӣ аз нокомин тартибдиҳии буҷа шаҳодат медиҳад. Аз дигар тараф ин надонистани соҳибкорӣ, сиёсати молиявӣ ва ҳолати бозор мебошад. Пеш аз он ки дар нақшаи буҷа тағйирот дохил намоед, бояд муайян кунед, ки барои чӣ корҳо хуб иҷро нашуда истодаанд ва ба саволҳои зерин ҷавоб ёбед:

  1. Варианти доимин пайдоиши масоил сабаб ва имконоти пайдоиши он.
  2. Андозаи фарқият кадом миқдор мебошад ва он чӣ тавр метавонад ба соҳибкорӣ таъсир расонад?
  3. Пешниҳод ва таҳлили мантиқии пайдоиши масоил ва фарқият.

Аксар ҳолатҳое фарқиятҳоро пешгӯӣ кардан ғайриимкон мебошад, ҳатто дар ҳолате, ки усули ислоҳи онро медонистед ва огоҳӣ низ карда будед. Бинобар ин худи Шумо низ кормандонро барои ҳолатҳое, ки пешгирӣ кардан ғайриимкон аст гунаҳкор насохта, сарзаниш нанамоед. Бештар ба он фарқиятҳое диққат диҳед, ки аз ӯҳдааш мебароед. Доимо андешаи ояндаро намуда ба

пешина
аз 522
навбатӣ