Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

қоида дар вақти қарздиҳӣ низ истифода ва фоизи қарз ҳар як моҳ ҳисоб карда мешавад.

Хулоса, тамоми талаботҳое, ки барои амалигардонии буҷа зарур мебошад, бояд риоя карда шавад.

Дар ҷараёни иҷроиши буҷа диққат ба он диҳед, ки оё нишондиҳандаҳои амалӣ ба нишондиҳандаҳои дастурамал мувофиқат менамоянд, ё не. Дар вақти таҳлили рафти иҷроиш асосан ба нишондиҳандаҳои зерин бояд диққати асосиро равона намоем:

  1. Оё меъёрҳо риоя мешаванд?
  2. Дар ҳақиқат моҳияти аслии ҳалли масоил дар назар гирифта шудааст?
  3. Таъсири омилҳои дохила ва беруна ҳаматарафа ба назар гирифта шудаанд ва онҳо дар кадом ҳол қарор доранд?
  4. Оё тамоми сарчашмаҳои ахборӣ пурра ба инобат гирифта шудааст?
  5. Шакл, реҷа ва давраҳои буҷакунонӣ риоя карда шуда истодааст?
  6. Вайронкориҳо ва нодуруст (ғайримақсаднок) истифодабарии маблағҳо бояд саривақт ислоҳ карда шуда, шахсони масъул ҷазо дода шаванд.
  7. Агар зарур шуморед ба буҷа ҳатман тағйироту иловаҳо ворид намоед.

Баъди илова ва тағйиротҳо буҷети ташкилот боз аз сари нав муҳокима ва тасдиқ карда мешавад.

Вақте ки буҷа аз нав тасдиқ карда мешавад, акнун ҳаракат ва қобилиятро ба он равона сохтан лозим аст, ки даромад ва хароҷотро пурра ба лимити муайяншуда мувофиқа намуда, доимо аз хароҷотҳо даромади зиёд ба даст оред.
Барои мунтазам амалӣ гаштани чунин як ҷараён Шумо маҷбур ҳастед, ки доимо онро зери назорати қатъӣ гиред ва ҳар вақте ки зарурияти тағйироти асоснок пайдо шавад, онҳо ворид намоед.

Таҷрибаи аксари менеҷерон нишон медиҳад, ки доимо фарқияти нақша аз ҳақиқат дида мешавад. Шумо дар давоми моҳ имкон доред, ки аз баъзе қисмҳои буҷа сарфа карда, ба қисми дигараш илова намоед, аммо новобаста аз он, ки ин ҳолатро ислоҳ менамоед, ҳатман бояд таҳлил намоед, ки он аз куҷо ва бо кадом сабабҳо пайдо шудааст, то дар оянда ба ин хато такроран роҳ надиҳед.

Доимо диққати асосиро ба назорати буҷа дода, аз системаи мониторинг
нағз истифода баред. Ҳисоботи молиявиро саривақт тартиб диҳед. Дар хотир

пешина
аз 522
навбатӣ