Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Шумо аз кормандон зиёдтар манфиат мегиред, нисбат ба оне, ки интизор бубед, чунки онҳо на тибқи фармон, балки аз рӯи хоҳиш ва ҳавасмандӣ меҳнат намуда ба муваффақиятҳои калон ноил мегарданд.

  2. Ба кормандон доимо фаҳмонда истед, ки барои иҷрои буҷа аз онҳо чӣ талаб карда мешавад ва онҳо бояд чӣ тавр фаъолият намоянд.

  3. Мақсадҳои иҷронашаванда нагузоред, инчунин, вазифаҳои аз ҳад сабук низ надиҳед, то ки кормандон танбал нашаванд.

  4. Дастовардҳоро баҳо додан, омили асосии баландбардории ҳавасмандист.

  5. Фарқияти маданияти миллӣ ва урфу одатҳоро ба инобат гиред.

Бояд қайд кард, ки агар буҷагузорӣ ҳамчун воситаи идоракунӣ истифода карда шавад, таҷрибаи кордонӣ хеле ташаккул меёбад. Доимо дар ёд дошта бошед, ки ҳангоми буҷагузорӣ пайдарпайии мантиқӣ ва мақсаднокӣ бояд вайрон карда нашаванд. Баҳодиҳии кормандон ба ҳолатҳои буҷавӣ бояд воқеӣ ва бовиҷдона ва дорои назари дурбинона бошад.

Инкишофи басуръати технологӣ ва бозор дар соҳибкорӣ тағйиротҳои куллиеро тез-тез ба миён меорад. Дар натиҷа буҷагузорӣ аксар маврид куллан тағйир ёфта, ҳатто эҳтимол, пурра дигар шавад, яъне ташкилот маҷбур аст, ки аз намудҳои алоҳидаи бизнеси худ даст кашад. Ин ҳодисаҳо аксар маврид ба таъсири омилҳои берунаи ташкилотҳо ба вуҷуд меоянд.

Пеш аз ҳама тез-тез тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва экологии ҷаҳон, ки метавонад ба корпартоиҳо, муноқишаҳои байни шахсон, байни давлатҳо оварда расонад. Дар натиҷаи таъсири ин омилҳои беруна нақшаҳои ташкилотҳо иҷро намегарданд ва онҳо зарарҳои зиёди молию пулӣ мебинанд.

Дар чунин як шароити ноустувор дар аксари ташкилотҳо агентҳо оид ба тағйирёбии ҳолатҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва дар минтақаҳо кору фаъолият доранд, ки доимо оид ба ин масоилҳо тадқиқотҳо гузаронида, онҳоро омӯхта, хулоса мебароранд ва пешгӯиҳои худро мерасонанд.

Аз рӯи омӯзиши мутахассисон тағйирёбиҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Нақшавӣ.
  2. Ғайринақшавӣ.
пешина
аз 522
навбатӣ