Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Аслан он тағйиротҳое, ки дар доираи омилҳои микроиқтисодӣ ва дохилии ташкилот ба вуҷуд меоянд, онҳоро пешакӣ ба нақша гирифтан мумкин аст, ва баръакс он тағйиротҳое, ки дар доираи омилҳои макроиқтисодӣ ба вуҷуд меоянд, хеле мушкилфаҳм буда, онҳоро ба нақша гирифтан ғайриимкон мебошад, аммо зиддиятҳо дар ҳарду ҳолат низ дида мешавад. Вазифаи менеҷмент аз он иборат мебошад, ки ин тағйиротҳоро пурра таҳлил карда, хулосаҳои зарурӣ бароварда, ба кормандон фаҳмонанд ва дар навбати худ фаъолияти онҳоро ба тағйирот мувофиқа намояд.
Агар ҳама он ҳолатҳое, ки дар боло номбар намудаем иҷро гардад, он гоҳ менеҷменти ташкилот ба санъати роҳбарӣ ҷавобгӯй буда, шахс самаранок меҳнат менамояд.
38.3. Талаботҳо ва қоидаҳои санъати баҳисобгирии
роҳбарӣ
Яке аз талаботҳои асосии санъати менеҷмент ин донистани ҳисоботҳои молиявӣ ва баҳисобгирӣ мебошад. Донистани баҳисобгирии бухгалтерӣ барои менеҷер имкон медиҳад, ки аз ҳолати молиявии ташкилот доимо бохабар бошад ва идоракунии истифодаи маблағҳо ва захираҳоро ба дасти хеш гирад.
Аз тарафи дигар, мақсади асосии баҳисобгирии бухгалтерӣ низ баҳои молиявӣ додан ба фаъолияти ташкилот ва назорати истифодаи дурусти захираҳо мебошад. Вобаста ба шакл, намуд ва ҳаҷми ташкилотҳо системаи баҳисобгирӣ гуногун мебошанд, вале се ҳуҷҷати асосие, ки барои баҳо додани ҳолати баҳисобгирии соҳибкорӣ зарур мебошад, дар ҳама ташкилотҳо чунин дида мешаванд:
- Баланси молиявӣ.
- Ҳисоби фоида ва зарар.
- Ҳисоби гардиши пул.
Бояд қайд кард, ки яке аз усулҳои бартарияноки асосии баҳисобгирии
бухгалтерӣ, ки ҳанӯз беш аз 500 сол пеш роҳиби итолиёвӣ Лука Пачиолли

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо