Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Баҳодиҳии идоракунии захираҳои мавҷудбудаи нақд. Нишондиҳандаи асосии баҳодиҳии фаъолияти менеҷер аз рӯи вақти нигоҳдории молҳо то ба фурӯш, сурат мегирад. Аслан дар ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ моли тайёрро қариб дар анборҳо нигоҳ надошта, дар давоми 6-8 соат ба фурӯш мебароранд. Мувофиқи системаи «аниқу саривақт»-и ҷопонӣ бошад на ашё ва на моли тайёрро дар анбор захира намекунанд, яъне ҳамон лаҳзае, ки ашё зарур аст оварда шуда, ҳамон лаҳза ки мол тайёр шуд, бурда мешавад.

Барои муайян кардани басанда ва кифоя будани маблағи пулии ташкилот, капитали гардонро ба ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат тақсим намудан лозим аст.

Аз тарафи дигар, қарздиҳандагон ва сармоягузорон низ доимо сохтори молиягузории дарозмуддатро баҳо дода, дараҷа ва қобилияти пардохтии ташкилотро назорат карда меистанд. Бинобар ин, барои кушоду равшан будани фаъолият молиягузорӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ бояд пурра дар ҳисоботҳои молиявӣ дарҷ гарданд.

Олами биржаҳои фондӣ ва сармоягузорон нишондиҳандаҳои худро барои он истифода мебаранд, ки қобилиятнокии соҳибкории худашонро муайян намоянд. Ин системаи қатъии баҳодиҳӣ аз нигоҳи роҳбарӣ мазмуни стратегии ҳисоботҳои молиявиро муайян месозад, чунки дар ҳама гуна таҳлили молиявӣ ҷараёни он аз аввал то ба охир, инчунин якчанд нишондиҳандаҳои ба он мувофиқ низ омӯхта мешаванд.

Индекси биржавӣ ва фондии ташкилот бевосита аз дараҷаи капитализатсияи бозории ташкилот ва арзиши он, инчунин аз рӯи фоидаи софи ташкилот низ вобастагӣ дорад. Агар куллӣ баҳо диҳем, ин муносибати бозор нисбат ба ояндаи ташкилот мебошад. Агар фоиданокии ҳар як қоғази саҳмияро муайян кардан хоҳед, фоидае, ки баъди пурра супоридани фоида боқӣ мемонад ба шумораи саҳмияҳои худ тақсим намоед, он гоҳ ин нишондиҳанда маълум мегардад. Маҳз харидории қоғазҳои саҳмияҳо дар бозор аз рӯи ин нишондиҳанда муайян карда мешавад.

Нишондиҳандаи дигари баҳодиҳии фаъолияти молиявӣ ин даромад аст, яъне саҳмиядорон муайян месозанд, ки ҳар як сомоние, ки ба саҳмия гузошта шудааст, чӣ қадар даромад меорад.

пешина
аз 522
навбатӣ