Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Даромади саҳмиядорон — ин фоизи маблағе мебошад, ки аз арзиши умумии (сармоягузорӣ) саҳмия мегиранд. Ин нишондиҳандаро онҳо метавонанд ба фоизи банк муқоиса намоянд. Аз рӯи қоида % маблағе, ки дар саҳмия гузошта мешавад, бояд аз фоизи банк зиёдтар бошад, вагарна соҳиби саҳмия метавонад маблағи худро ба банк гузорад, чунки бар замми он дар банк дараҷаи таваккал низ пасттар мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар ташкилотҳо ба ғайр аз ҳисоботҳои молиявӣ боз ҳисоботҳои иловагӣ, натиҷавии тафтишотӣ, омӯзиши комиссияи махсус низ мавҷуд мебошанд, ки дар вақти баҳодиҳии фаъолияти менеҷерони ин бахш аз он нишондиҳандаҳо низ бояд истифода барем. Шояд менеҷерон ҳамон нишондиҳандаҳоро дуруст ҳисоб накардаанд ё хатои техникӣ мавҷуд аст ё дидаю дониста хато содир кардаанд. Муайян ва таҳлил кардани ин нишондиҳанда барои баҳодиҳӣ зарур мебошад.

Аз тарафи дигар вазифаи муқаддаси аудиторон тайёр намудани ҳуҷҷатҳои ташкилот мувофиқи талаботи қонун ва стандартҳои бухгалтерӣ (GAAP) мебошад. Бинобар ин дар вақти баҳодиҳӣ боз ба ҳисоботҳои аудиторон низ диққат додан лозим аст, ки оид ба кадом нуқта таваҷҷӯҳ ва ба чӣ диққат доданро талаб менамоянд. Инчунин маълумоти дигар ин воситаҳои ахбори умум, ки оид ба ташкилот ё ин ки мол ва ё рақибон дар давоми сол интишор намудаанд.

Ба ғайр аз ин ҳуҷҷатҳо боз ҳар як менеҷер, роҳбарони ташкилот ҳисобот пешниҳод менамоянд, ки дар он бевосита натиҷаҳои ба даст овардашуда қайд карда мешаванд. Дар ин ҳисоботҳо диққатро ба музди меҳнат дар муқоиса ба натиҷа, фоиданокии аксияҳо, мақсадҳои стратегии оянда бояд равона сохт, ки то чӣ андоза инкишофи ташкилот вобаста ба ҳавасмандии кормандон ташаккул меёбад. Маълум аст, ки ҳар қадар ташкилоти калон бошад, ҳамон қадар ҳаҷм ва миқдори ахбор зиёд буда, таҳлили он мушкилтар мегардад.

Бояд қайд кард, ки ҳар як ҳуҷҷатҳои молиявии ҷамъбастие, ки дар боло номбар намудем, дар охир қисми эзоҳ дорад, ки дар он шахси масъул фикру пешниҳод ва баёноти худро дар шакли кӯтоҳ метавонад дарҷ созад. Аз он ҷумла пешниҳодҳои нав, ихтироот ва эҷодкориҳо дар оянда ба он шомил мешаванд. Бинобар ин, дар вақти баҳодиҳӣ ҳамаи ин фикрҳоро ба инобат гирифта,

пешина
аз 522
навбатӣ