Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Дар натиҷа аз ҳар як корманди оддӣ то менеҷери таҷрибадор дар бораи дуруст ё нодуруст будани ҳисобот ва то чӣ андоза дорои малакаю донишу фаҳмиш будани роҳбарон ва дигар масоили гуногуни иқтисодию молиявӣ хулосаҳои худро мебароранд. Бинобар ин, агар роҳбари ташкилот бошед, андеша кунед, ки ҳар як факту рақам ва гуфтаҳоятон аз тарафи тамоми кормандон муҳокима карда шуда, баҳо дода мешаванд.
Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки ҳисоботҳои дохилаи маъмурӣ ин фақат механизми ҷамъбасти фаъолиятҳо набуда, балки сарчашмаи хулосабарорӣ ва мотивасияи кормандон барои оянда хоҳад гардид.
Сифати ҳисоботҳои маъмурӣ дар дараҷаҳои гуногун қарор доранд. Ҳатто баъзе ташкилотҳои калон ҳисоботҳои пастсифат тайёр менамоянд, аммо талаботи менеҷерон он аст, ки онҳо бояд ҳуҷҷатҳои молиявии пурра дошта бошанд, то истифодабарии он қулай бошад ва муҳосибон ҳатман ҳисоботи анъанавии балансро пурра ва дуруст нишон дода тавонанд. Дар счетовҳои ҷории бухгалтерӣ доимо ахбори аслие мавҷуданд, ки дар соҳибкориатон ҳамавақт истифода бурда метавонед.
Барои менеҷери пешво зарур мебошад, ки оид ба фаъолияти ташкилот ахбори пурра дошта бошад. Ин чунин маъно дорад, ки ба ғайр аз ҳисоботҳои стандартии молиявӣ, боз оиди ҳисоботҳои ғайристандартии фаъолиятҳои ташкилот, фаъолиятҳои ғайриистеҳсолии кормандон доир ба истироҳат, шароити оилавӣ ва саломатии онҳо низ ахбори пурра дошта бошад.
Барои ба арзишнокии маълумотҳои бухгалтерӣ боварӣ ҳосил намудан як қатор нишондиҳандаҳои ғайристандартии баҳодиҳӣ, яъне даромад аз фурӯши мол ба ҳар як корманд, арзиши аслии маҳсулот ба ҳар як мизоҷ, хароҷотҳои маркетингӣ ба ҳар як мизоҷи нав, хароҷот ба қувваи коргарӣ ба ҳар як сомонии даромад, фоизи хароҷотҳои идоравӣ ба ҳар як сомонии даромад ва ғайраро ҷорӣ намоед.
Менеҷерон метавонанд ҷадвалҳои гуногуни назоратию ҷамъбастӣ тартиб дода, тибқи баҳогузории худро ба идоракунӣ хулоса бароранд.
Дар ҳар ҳолат Шумо дар хотир дошта бошед, ки ҳар як ҳисоботи молиявӣ дар баробари хосияти ҷамъбастӣ доштан, инчунин, бояд актуалии ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор