Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ояндадор бошад ва барои оянда масъалагузорӣ карда тавонад. Он факту рақамҳое, ки Шумо ба он такя карда фикратонро баён менамоед, бояд ҳаматарафа санҷида шуда, мазмуни пурраи мақсаднокиро ифода карда тавонанд. Ҳамоҳангсозии маълумотҳои маъмурии идоракунӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ имкон медиҳад, ки аз уҳдаи роҳбарӣ ба осонӣ бароед.

Дараҷаи соҳибкориро нафақат аз рӯи нишондиҳандаҳои молиявии бухгалтерӣ, балки аз рӯи нишондиҳандаҳои идоракунӣ низ баҳо додан мумкин мебошад.

Воситаи маъмурии баҳодиҳӣ аз чор қисмати як аҳром иборат аст:

  1. Ҷараёни кории муҳити дохила: чӣ бояд кард, ки ҳар як корманд аз тамоми нозукиҳои касбӣ, хизматрасонӣ ва рафтори роҳбарӣ бохабар бошад, то ба одамон дар сатҳи баланд хизмат карда тавонад.
  2. Омӯзиш ва инкишофи дохилаи кормандон: оё худи мо ба талаботи мизоҷон ҷавобгӯ ҳастем, ё не?
  3. Мизоҷон киҳоянд: доимӣ, ё муваққатӣ; мавқеи мо дар бозор дар кадом сатҳ қарор дорад?
  4. Дараҷаи молиявии ташкилот — агар се нуқтаи дар боло зикршуда ба талабот ҷавобгӯ бошанд, он гоҳ гуфта метавонем, ки имкони иқтидори молиявиро дорем.
  5. Мавқеи иҷтимоии ташкилот он нишондиҳанда мебошад, ки ба саволи «онро мардум чӣ хел қабул дорад» ҷавоб мегӯяд.

Давраи охирини сикли фаъолияти молиявии менеҷер ин қабули қарори молиявӣ барои соли оянда мебошад. Барои бомуваффақият қабул намудани қарори молиявӣ ва иҷрои бомуваффақияти он аз менеҷер талаб менамояд, ки ба оянда нигоҳи тоза дошта, ба факту рақамҳо бо нигоҳи дигари нав назар намоед.
Ба ҷои он ки гузаштаро рӯйбардор карда нишон диҳед, баръакс ба гузашта такя карда дар оянда ба факту рақамҳо ва фикрҳои нав нишонагирӣ намоед, чунки ҳисоботҳои анъанавӣ аз факту рақамҳои ҳақиқӣ холӣ набуда, барои таҳлили васеъ ва ҳамаҷониба имкон фароҳам меоранд. Бояд дар хотир дошт, ки вақте сухан дар бораи оянда меравад, фақат факту рақам кифоя набуда, аз роҳбар бояд ақлу дониш ва фикрронии эҷодии стратегӣ талаб менамояд. Маълум аст, ки

пешина
аз 522
навбатӣ