Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Тағйирёбии фикрронии кормандон оид ба соҳибкорӣ низ мавқеи махсусро дорад. Мисол, менеҷер — пешво доимо дар ҷустуҷӯи фикрҳои нави менеҷерон буда, барои амалӣ гардонидани ИБ сӯҳбатҳо гузаронида ба директор, ё худ роҳбари асосӣ ахборот пешниҳод менамояд. Аз тарафи худ роҳбари болоӣ низ дар бораи амалигардонии ИБ андешаҳои худро баён дошта, кор мебарад. Агар чунин хоҳиши дутарафа ва дастгирии ҳамаи аъзоёни даста набошад натиҷаи мусбиро соҳиб гаштан ғайриимкон мебошад.
Аслан, ИБ дар асоси технологияи соддакардашудае ташкил карда мешавад, ки тамоми ҷараёнҳоро муттаҳид ва содда буда, мақсади асосӣ коркарди самараноки ҷараёни ахбор мебошад. Аз тарафи дигар амалӣ гардонидани технологияи ахборӣ ба стратегияи худи соҳибкорӣ вобастагии калон дорад. Арзиши волои ташкилот ин кормандон, ё худ ҳайати даста мебошад.
Бинобар ин, амалигардонии ИБ дастаи бисёрфункционалиро талаб менамояд. Даста набояд он қадар калон бошад, то барои қабули қарори эҷодии пурмазмуни саривақтӣ имкон дошта бошанд ва дар даста бештар кормандони босаводу кордон шомил бошанд. Барои пешрафти кор тамоми ҷараёнҳои иловагӣ, монеаҳои бюрократиро яктарафа карда, ҷараёнҳоро воқеӣ ва хеле содда намоед. Доимо аз ҷараёнҳои технологӣ бохабар бошед ва кадом ҷараёне, ки садди роҳи коратон мегаштаро дар муддати кӯтоҳ бартараф намуда, агар зарур шуморед, лоиҳаи нави худро ҷорӣ намоед, ки ба фаъолияти ИБ мувофиқат намояд. Дар ин ҳолатҳо лоиҳаҳои кӯтоҳмуддати ҳаҷми хурддошта, нисбат ба лоиҳаҳои дарозмуддати калонҳаҷм самараи хубтар медиҳанд. Доимо бо ташкилотҳое, ки технологияи нав ҷорӣ менамоянд дар тамос бошед ва ҳамкорӣ намоед.
Масъалаи охир ва муҳими системаи ИБ ин системаи дафтари корӣ мебошад. Ҳаракат намоед, ки якчанд функцияи ИБ-ро дар як дафтари корӣ ҷорӣ намуда, тартибот, мавқеъ, таъминоти техникӣ, ҳолати бино, ҷойгиршавии утоқҳоро асоси система ҳисоб намуда, диққати махсус ҷудо намоед. Интихоби таҷҳизот, ҷобаҷогузории мантиқии мутахассисон дар дафтари корӣ ва толорҳои корӣ, гузаронидани фаъолиятҳои молиявӣ, бонкӣ ва дигар талаботҳои махсус вуҷуд доранд, ки ҳар як корхона вобаста ба хусусияти соҳибкориаш бояд ташкил намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор