Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

пешниҳод кардан, ислоҳ карда шавад ва доимо назорат намоед, ки рақибонатон ба мизоҷон боз чӣ хел хизматҳои иловагӣ пешниҳод менамоянд. Тамоми кормандоне, ки дар алоқа бо мизоҷон фаъолият мекунанд бояд имкони истифодаи ахбори марказиро дошта бошанд ва хизматрасонии ахбории мизоҷон хеле устувор ва мустақил бошад. Дар назар дошта бошед, ки рақибон низ доимо кӯшиш менамоянд, ки аз Шумо пешсаф бошанд.

Масалан мизоҷоне, ки вақти худро қиммат мешуморанд, ё ба сифати хизматрасониятон ризо нестанд, метавонанд ба воситаи ИБ супориш диҳанд ва кӯшиш намоед, дар муддати 24 соат моли дархостиро то хонаашон бурда расонед.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки ҷорӣ намудани ИБ дар стратегияи соҳибкорӣ тағйироти куллиро талаб менамояд, ё худ ворид месозад, яъне олами соҳибкорӣ хеле тез тағйир меёбад. Мувофиқи ақидаи олими бузург Чарлз Дарвин «Дар чунин шароит ҳамоне зинда мемонад, ки тез тағйирёбиро ҳис мекунад, на оне, ки боқувват аст». Бинобар ин, вобаста ба талаботи давру замон фаъолияти ташкилоти хешро таҳлил намуда, ҳаракат намоед, схемаи кӯҳнашудаи ба талабот ҷавобгӯй набударо шикаста, сохтори нави алтернативии боқувватро барпо созед, ки мувофиқи он модели барномавии ИБ-ро ташкил карда тавонед.

Маълум аст, ки ҳар як ташкилот дар ҳар шӯъбаи истеҳсолию тиҷоратӣ тарафҳои боқувват ва беқуввати хешро дорад. Хуб мебуд агар диққатро ба тарафҳои боқуввати ташкилот дода мувофиқи хоҳиши мизоҷон фаъолият намоед.

Асосан, дар ҳолати ИБ диққати асосиро ба равандҳои зерин ҷудо намоед:

  1. Пешниҳоди хизматрасонии хубу аниқи истеъмолкунанда.
  2. Пешниҳоди молҳои баландсифат ва хизматрасонии босифат.
  3. Пешниҳоди ғайристандартӣ.

Аслан, бартариятин тағйиротҳо бояд инҳо бошанд.

  1. Хизматрасонӣ — фардӣ, фаъол, чандирӣ.
  2. Рараён - самаранок, бо хароҷоти камтарин, бо суръати тез.
  3. Навоварӣ - пешгӯии равандҳо; гӯш кардани истеъмолкунанда; ихтирои моли нав.
  4. Технология — истифодаи технологияи пешқадамтарин.
  5. Эҷодӣ - дар ҳама ҷабҳаҳо мавҷуд будани эҷдкориҳо.
пешина
аз 522
навбатӣ