Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
нархи молҳои ҳамрангро низ омӯхта, баъд аз он сиёсати нархии моли худро намоиш совед.
Маълум аст, ки талаботу таклифот ба нархи мол таъсири худро мерасонад, вале хуб мебуд агар Шумо қоидаи «миёнаи тиллоӣ»-ро истифода карда, нархи молро на аз ҳад баланд ва на паст муайян месохтед, чунки чунин виурдон психологияи харидоронро бояд дар хотир дошта бошед:
-
Нархи арзонро доимо чун нишонаи сифати пасти мол баҳо медиҳанд.
Аксари харидорон чунин хоҳиш доранд, ки беҳтараш молро қимматтар харидорӣ намоянд, лекин босифат бошад, яъне аз рӯи қоидаи «қиммат бе қиммат ва арзон бе иллат нест» амал карда, хубаш қимматтари босифаташро мехаранд. -
Дар хотир дошта бошед, ки истеъмолкунанда молро на барои арзон будан харидорӣ мекунад, балки барои он ки вай зарур мебошад. Масалан, нархи хиштро ҳар қадар кам накунед, шахсе, ки хона намесозад ҳеҷ гоҳ хишт намехарад, чунки ба он зарурияте надорад.
-
Стратегияи нархии истеъмолкунанда бештар ба омили даромади онҳо вобастагӣ дорад, на ба нархи мол, яъне нархи мол ва сифати он барои харидорони гурӯҳҳои истеъмолкунанда тааллуқ доранд.
-
Стратегияи нархро вобаста ба категорияи истеъмолкунандаи худ нишонагирӣ намоед. Агар молро барои истеъмолкунандае, ки даромаднокии паст доранд истеҳсол намоед, беихтиёр, нархи он вобаста ба сифаташ паст мебошад, нарх ва ба харидори даромаднокии баланд дошта нарху сифати мол тағйир меёбад. Боз барои харидороне, ки хеле даромаднокии баланд доранд, тамоман нарх ва сифати мол дигар шуда, якчанд унсурҳои ороишию комфортӣ ва ҳаловатии дигар илова мешаванд.
Бинобар ин, дар стратегияи нархии роҳбарӣ бояд донед, ки молро барои кӣ истеҳсол менамоед. -
Алоқа бо ҷамъият, қисми таркибии стратегияи нархгузорӣ буда, аниқ
месозед, ки ба кадом қисме аз аҳолӣ хизмат мерасонед ва дараҷаи
инкишофу иқтисодӣ ва маънавии онҳо дар кадом сатҳ қарор дорад ва
оняндан онҳо чӣ тавр сурат гирифта истодааст. Аз рӯи ин омил интихоб
менамоед, ки оё аз инкишофи иҷтимоии мизоҷон қаноатманд ҳастед ё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор