Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ин бозорро тарк карда, бозори дигари қиммат ё арзонро интихоб менамоед, яъне агар дигар имкони талаботи мизоҷонро таъмин карда натавонед, он гоҳ дар ҷустуҷӯи харидори дигар мешаваед. Ҳолати дуюм мизоҷонро бо моли нави ҷавобгӯи талаботи баландтар таъмин мекунад, ки истеъмолкунандаро қаноатманд месозад. Дар ин ҳолат харидори болотар, яъне даромаднокии баландтар доштаро интихоб мекунед ва барои худ фоиданокии баландро таъмин месозед.

Барои пайдо кардани мизоҷони нав нишонагирии стратегӣ ба сифати мол зарур мебошад, чунки стратегияи арзонкунии мол ба харидоре ки аллакай бозори молро медонад ва ба нарҳу сифати мол шинос аст, яъне манфиатбахш нест. Агар хоҳед, харидори нав пайдо созед, сиёсати стратегиро пурра ба хости қонеъгардонии истеъмолӣ равона сохта ҳам сифатҳои бевосита ва ҳам сифатҳои бавоситаи молҳоро муаррифӣ намоед. Мисол, кӯрпае, ки аввал танҳо талаботи ҷои хобро таъмин месохт, имрӯз ҳамчун кати «ороиш ёфта бо воситаи ҳаво пур кардашуда баъди истифода боз ҷамъ карда гирифта мешавад ва дар хона тамоман ҷои камро гирифта, ҳатто ҳангоми ба саёҳат баромадан дар ҷомадон ҷой мешавад. Бинед, аллакай, чанд харидори наве пайдо мешавад, ки саёҳатро дӯст медоранд ё худ касоне, ки дар хона аз кам будани ҷой танқикӣ некашанд, онро харидорӣ мекунанд. Хулоса, ин гурӯҳи одамон ба нархи мол он қадар диққати махсус намедиҳанд.

Доир ба ҳар раванди стратегияи маркетингӣ оид ба омили вақт ҳатман гуфта гузаред ва онро ҳамчун омили заруртарин ва қимматтарин истифода намоед. Яъне доимо аз худ пурсед, ки:

  1. Пешниҳоди моли нав чӣ қадар вақти мо ва истеъмолкунандаро сарфа менамояд.

  2. Оё моли мо ҳаловати эстетикӣ ва мадании истеъмолкунандаро таъмин месозад.

  3. Мо харидорро бовар кунонидаем, ки харидани моли мо ин хароҷоти пул не, балки ба даст овардани сармоя мебошад.

  4. Бояд аниқ намоем, ки кадом унсури моламон ба харидор маъқул гаштааст.

  5. Боз кадом хоҳишҳои истеъмолкунандаро дарк кардед, ки дар оянда метавонем ба инобат гирем.

пешина
аз 522
навбатӣ