Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Унсури фарқкунандаи стратегияи маркетинги ба он равона мешавад, ки корхона аст ё худ шахсони алоҳида будани харидорро аниқ созед. Маълум аст, ки тарзу усул ва миқдори хариди корхона аз хариди шахсони алоҳида куллӣ фарқ мекунанд.
Аз намояндагони ташкилот бояд ба чунин саволҳо ҷавоб гиред:
-
Ба мо чӣ гуна нақшаҳои ҳамкорӣ доред ва дар навбати худ аз корхонаи мо чӣ харида метавонед?
-
Дар ташкилотатон тендер мегузаронед ва муайян созед, ки мо чӣ хел метавонем ба он дохил шавем?
-
Аслан кадом сифати мол таъминкунандагии моро пазируфтед?
-
Моли моро тибқи пешниҳодҳои мо харидорӣ намудед ё боз ягон сарчашмаи дигар доред?
-
Ташкилотатон боз бо кадом корхонаҳо ҳамкорӣ доранд?
Хуб мебуд, агар баъд аз муайян намудани омилҳои харидории ташкилотҳо ба молатон, пурсиши моҳияти омилҳоро гузаронед ва хоҳиш намоед, ки онҳо аз рӯи моҳияташон пайдарпай дарҷ намоянд:
-
Дастраскунии бепул ва тез (зуд).
-
Нархи мол.
-
Шарту шароити ҳисоббаробаркунӣ.
-
Хизматрасонии кафолатдор.
-
Сифати хуби мол.
-
Муносибати кормандон.
-
Устуворию мавҷудияти мол.
Чунин усули маркетингии роҳбарӣ хеле содда ва арзон буда, нишонаҳои аввали мизоҷони ташкилотҳоро маълум месозанд, яъне барои муайян кардани сабабҳои асосии харидорӣ боз як қатор омилҳои дигар низ мавҷуданд, ки бояд ба инобат гирифта шаванд. Ҳатто чунин унсурҳо аз қабили мавқеи ҷойгиршавии ташкилот, реҷаи кории он, шаклҳои дигари хизматрасонӣ ва ғайра омилҳое мебошанд, ки ба табъи харидор таъсири худро мерасонанд. Ҳамаи омилҳоро ҳисоб карда ба инобат гиред ва муайян созед, ки ҳамкории Шумо бо ин харидор чӣ манфиат меорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор