Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Хизматрасонии аъло ва сифати хуби мол бояд асоси консепсияи маркетингии имрӯза гардад. Мақсади асосии чунин нишонагирӣ ин нигоҳдории мизоҷони доимӣ мебошад.

Назорати маркетингии хизматрасонӣ асосан аз унсурҳои зерин иборат мебошад:

  1. Таҳлили пурраи тамоми равандҳои хизматрасонии ташкилот.
  2. Муайян кардани стандартҳое, ки сифати хизматрасониро муайян сохта ба вайронкорӣ роҳ намедиҳад.
  3. Муайян кардани қобилияти профессионалии кормандон оид ба хизматрасонӣ мутобиқи талаботҳои стандарт.
  4. Агар зарур шуморед ба кормандон курси махсуси хизматрасониро пайваста омӯзонда, дастурамалҳо диҳед.
  5. Нишондиҳандаҳои натиҷавии миқдории стандартҳои хизматрасониро муайян сохта, сифати хизматрасониро беҳтар намоед.
  6. Дар хотир дошта бошед, ки мизоҷони имрӯза доимо хизматрасонии беҳтарину навинро интизоранд.
  7. Ҳамон роҳу усулҳоеро пайдо созед, ки хизматрасониро ба дараҷаи олӣ расонида тавонед.

Яке аз сарчашмаи воқеии ба инобат гирифтани талаботи харидорон арзу шикоятҳо мебошанд. Мутахассисони бахши менеҷмент чунин андеша доранд, ки мизоҷе, ки арзу шикоят дорад, ҷиддӣ ва оне ки кам эрод мегирад, устувор нест. Доимо эродҳоро хирадмандона ва бодолатона ҳал намуда, мӯҳлати ҷавобгардонӣ ва тарзи қаноатманд кардани мизоҷонро муайян созед. Аз хатоҳо таҷриба андӯхта, онҳоро такрор насозед. Ҳаракат намоед, ки харидори ранҷидаро баргардонед. Бо мизоҷони пешина, ки вақтҳои охир пайдо нестанд, алоқа барқарор карданро бояд менеҷери бахши маркетинг иҷро намояд:

  1. Ба мизоҷон занг зада оид ба истеҳсоли моли нав хабар расонед.
  2. Бо воситаи почтаи электронӣ низ метавонед пурра оид ба моли нав ахбор равона намоед.
  3. Агар зарур бошад бо пешниҳодҳои нав ба ташкилоти мизоҷ равед.
  4. Бо усулҳои дигари ахбордиҳии мизоҷонро фикр карда бароед, яъне ягон баҳонаи мувофиқ ёфта, бевосита бо харидорон алоқа намоед.
пешина
аз 522
навбатӣ