Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
- Реклама дар расмҳо ва майдонҳо моҳияти территориявӣ дорад.
Албатта самаранокии максималиро дар ҳолате пайдо менамоед, ки аз ҳамаи усулҳо самаранок истифода баред, аммо дар хотир дошта бошед, ки кадом ваъдаҳое дар реклама бошанд, бояд ҳатман воқеӣ ва иҷрошаванда бошанд ва аз ҳар гуна дурӯғу изофанависӣ даст кашед. Реклама набояд дурӯғ ва бемантиқ бошад, инчунин, вай набояд харидорро тарсонда ба таҳлуқа барад. Баръакс, бояд реклама диққати харидорро зуд ба худ ҷалб карда, воқеӣ ва хеле соддаю осонфаҳм бошад.
Реклама хизматрасонии пулакӣ ва фаъолияти пешниҳоди мол ба истеъмолкунанда тибқи воситаҳои ахбори умум мебошад.
Бинобар ин, рекламаро метавонем бо мақсадҳои зерин истифода намоем.
-
Доимӣ нигоҳ доштани ахбори аҳолӣ доир ба ташкилот.
-
Харидоронро аз пешниҳодҳои махсус огоҳ намудан.
-
Инкишофи мол ва хизматрасонии нав.
-
Огоҳ кардани харидорон оид ба тағйирёбии нарх, реҷаи корӣ, фоизи хизматрасонӣ.
-
Ба харидорон хабар расонидан оид ба беҳтаршавии сифати мол.
-
Пайдо намудани ҳавасмандии харидор.
-
Гирифтани фоида ва пайдо кардани харидори нав.
Ҳар як корманди ташкилот бояд бидонад, кӣ, чӣ, кай ва дар куҷо реклама карда мешавад.
Реклама дар навбати худ бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:
-
Диққатҷалбкунанда бошад - яъне навиштаҷотҳо, схемаҳо, расмҳо рангҳои равшан дошта, суратҳо босифат бошанд.
-
Ҳавасмандии харидорро таъмин созад. Пешниҳодҳое, ки дар рекламаҳо менамоед, бояд хоҳиши харидорро бедор карда тавонад, то ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир намояд.
-
Хоҳиши харидорӣ пайдо кардани мизоҷон. Рекламаро чунон пешниҳод намоед, ки харидор не гуфта натавониста, фақат моли Шуморо интихоб намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор