Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Васеъкунии бозор — аз ҳисоби бозори нав ва истеъмолкунандаи навро ба даст овардан, амалӣ гашта, бо роҳи истифодаи реклама, муаррифии мол ва дигар чорабиниҳои маркетингӣ ба даст оварда мешавад.

  2. Инкшофи бозор — вақте ки ба бозори нав дохил мешавад, хоҳ-нохоҳ таъсиратон дар бозори нав маълум мегардад. Бояд ҳаракат намоед, ки бо молҳои навини хушсифати хеш ин бозорро инкишоф диҳед ва дар он эътибор пайдо кунед.

  3. Инкишофи мол — номгӯи молҳо ва иловаҳо ба молҳои навин бо мақсади таъмини талаботи афзояндаи одамон, инчунин, инкишофи худи мол.

Дар замоне, ки намудҳои якхелаи мол ва ивазкунандаи он дар бозор садҳо ва ҳазорҳоро ташкил мекунанд, барои он, ки харидоронро бо ахбори пурра ва саривақтӣ водор созед, ки маҳз моли Шуморо интихоб намоянд, реклама мақоми олиро дорад. Қадами аввали рекламаи мол ин масъалагузорӣ мебошад, ки кадом натиҷаро бояд интизор шавем. Мисол, афзоиши фурӯши мол дар соли оянда то ба 500000 сомонӣ ё худ бастани шартномаи иловагӣ бо 100 мизоҷони нав. Вобаста аз ин мақсадҳо нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, муайян месозед, ки чӣ бояд кард ва кадом усул ва тарзи рекламаро истифода бурд.

Аслан, реклама тариқи радиою телевизион, интернету дигар васоити ахбори умум, шиору плакатҳо ва гузаронидани вохӯрию ҷамъомадҳо, инчунин, муаррифӣ (презентатсия)-и мол сурат мегирад.

Аммо дар санъати менеҷмент таъкид карда мешавад, ки вақти интихоби усул дар хотир дошта бошед:

  1. Реклама дар газетаю журналҳо имкони муаррифӣ ба гурӯҳи муайяни аҳолӣ аст, ки ба онҳо ин воситаҳои ахбор дастраст аст. Шояд хонандагони онҳо ба моли Шумо эҳтиёҷ надошта бошанд.

  2. Рекламаи радиою телевизион зуд қабул карда шуда ва зуд аз ёд меравад ва нисбати рекламаи чопшуда умри кам мебинад.

  3. Бевосита ба суроғаҳои ташкилотҳои ҳамкор ва мизоҷон равон кардани ахбори мол хеле самаранок мебошад, агар дар ҳақиқат мизоҷонро дуруст муайян карда бошед.

  4. Истифода аз Интернет шакли самараноки реклама дар шароити имрӯза буда, имкони васеъ пайдо кардани харидорро дорад.

пешина
аз 522
навбатӣ