Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Инчунин, диққат диҳед, ки дар куҷо ва чӣ тавр реклама чоп карда мешавад. Аксар хонандагон диққатро ба саҳифаҳои аввал медиҳанд. Ё худ шакли суратҳои диққатҷалбкунанда ва «анкета — супориш»-ро низ дар газета ҷойгир намоед, хубтар аст. Навиштаҷот бояд бо ҳарфҳои калон навишта шавад, ки зуд ба чашми бинанда расад. Мазмун ва тарзи навишт бояд хеле содда ва фаҳмо буда, ба хонандаи оддӣ дастрас бошад, ки Шумо чӣ мехоҳед.
Воситаи дуюми реклама, ин радио ва телевизион мебошад. Барои ба рекламаи самаранок ноил шудан, оид ба реҷаи корӣ ва тарзи шунавонидани ташкилотҳои гуногуни радио ва телевизион, аввал маълумот ҷамъоварӣ намоед. Баъд аз он интихоб намоед, ки дар куҷо реклама додан барои Шумо қуллай мебошад.
Доимо ҳаракат намоед, ки рекламаро бо хароҷоти кам ва фоидаи зиёд дар васоити иттилоотӣ ҷой диҳед. Омилҳои бисёре мавҷуданд, ки ба арзиши реклама таъсир расонида метавонанд ва инҳо сол, дараҷаи талабот, ҷои реклама, ҳаҷми реклама ва амсоли инҳо мебошанд. Дар баробари ин, мо бояд ба як қатор саволҳо ҷавоби худро ёбем:
- Мо кадом натиҷаҳоро аз реклама интизорем?
- Мо ба чӣ муроҷиат менамоем ва аз онҳо чиро интизорем?
- Харидорони асосии мо кадом газетаю журналро мутолиа менамоянд?
- Барои самаранок расонидани ахбор чӣ қадар реклама зарур мебошад ва ба кадом муҳлат?
- Рекламаи мо бояд кадом андоза дошта бошад?
Бояд қайд кард, ки ҳар як газетаю журнал бартарият ва камбудиҳои худро доранд. Вобаста аз моҳияташон онҳоро чунин баҳо додан мумкин мебошад:
- Газетаҳои маҳаллии бепул — аслан ҳафтае як маротиба чоп шуда, дар ин газетаҳо, ки худ мақсади тиҷоратӣ доранд, эълонҳо хеле хурд ва бисёр мебошанд, ки самаранокиашон хеле кам аст. Дар ин газетаҳо хуб мешуд, ки баъзе эълонҳои хурду таъҷилиро чоп намоед.
- Газетаҳои ҷумҳуриявӣ — онҳо ҳафтае 3-4 маротиба аз чоп баромада ба аксари ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ расонида мешаванд. Ин газетаҳо оид ба ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии аҳолӣ дар ноҳияҳо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор