Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои калон маълумот дода, имкони харидорро аз ҷумлаи хонандагон пайдо кардан мавҷуд аст. Бояд қайд кард, ки газетаҳои ҳаррӯза тез кӯҳна мегарданд.
-
Газетаҳои байналхалқӣ - ин газетаҳо дар ҳафта, як ё ду маротиба нашр шуда, онҳо дар якчанд давлат хонандаи хешро дошта, метавонанд молатонро дар байни харидорони хориҷӣ муаррифӣ намоянд. Бинобар ин, агар хоҳиши фаъолияти бурунмарзӣ дошта бошед, ҳатман аз хизмати ин ташкилотҳо истифода баред.
-
Маҷаллаҳо - ин шакли ахбори умум хусусияти махсуси худро дошта, якчанд равандҳоро дар бар мегиранд, яъне барои мутахассисон алоҳида, занон ё мардон, ҷавонон, фаъолиятҳо ва соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ бароварда мешаванд. Мисол, барои мардум ё занон, саломатӣ, варзиш, кишоварзӣ, саноат, табиат, экология ва ғайра. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки ин аудиторияи касбиро дар бар мегирад. Барои Шумо хеле қулай мебошад, ки барои кормандон ва мутахассисони соҳаи худ, муаммоҳои инкишофи соҳа аз ин маҷаллаҳо самаранок истифода баред. Тавсири ин маҷаллаҳо дуру дароз буда, аз нозукиҳои инкишофи соҳа ва касби хеш метавонед хеле хуб бохабар шуда, аз дастовардҳои дигарон ния истифода бубаред. Истифода аз ин маҷаллаҳо бо роҳи обуна шудан ва ё бо роҳи бавоситаи муаллифӣ ё худ ҳамкор будан ва ҳамчунин маҷаллаи махсуси ташкилотро доштан сурат мегирад.
Навиштани эълонҳо низ талаботҳои хешро дорад:
- Ҳатман забони адабиро истифода кардан.
- Ранги мақбули харидорони бо зоғу одати миллӣ зид набудан.
- Расму шиорҳо ва нишонаҳои этикӣ доштаро риоя кардан.
- Мақсаднок ва намоён будани эълон.
- Хеле содда ва диққатҷалбкунанда будани эълон.
Пеш аз он ки рекламаро ба газетаю журнал ё дигар воситаҳои ахбори
умум месупоред, онро бо ҳайати кормандон муҳокима карда, фикрҳои онҳоро ба
инобат гирифта, фикри умум ва ҳаматарафаро пешниҳод намоед. Баъди ба ҷои
расидани эълону реклама самаранокии онро аз рӯи супоришҳо, ҳаҷми фурӯшон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор