Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Пешниҳод карда мешавад, ки таваккалро бо ташкили фонди эҳтиётӣ суғурта карда, барои идоракунии он, як корманд ё гурӯҳи калони мутахассисон махсусро сафарбар созем.
Иҷрои корҳои зерин дар ин ҷода лозим мебошад:
таъмини бехатарии фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ ва ҳимояи ахбору маълумотҳое, ки сирри тиҷоратӣ доранд; ташкили идоракунии ҳуқуқии ташкилот, ҳимояи ташкилию техникӣ ва муҳандисии асрори тиҷорат; имкон надодани истифодаи ахборе, ки мансуби фаъолияти сирри тиҷоратист; муайян кардан ва барҳам додани нуқтаҳое, ки дар ҷараёни фаъолиятҳои ҳаррӯза ва ҳолатҳои ногувори садамавӣ сирро фош мекунанд; ташкили коргузорие, ки махфӣ нигоҳ доштани сирри тиҷоратиро таъмин месозад; таъминоти техникии бехатарӣ ҳангоми иҷрои тамоми фаъолиятҳо, инчунин вохӯриҳои корӣ, гуфтушунидҳо, ҷамомадҳою конференсияҳо; таъмини ҳифзи биноҳои корию маъмурӣ, таҷҳизотҳо ва воситаҳои техникӣ ва майдони технологии ташкилот; таъмини тадқиқоти ҳолатҳои маркетингӣ ва ҳаракатҳои рақибон; тадқиқоти мавҷудияти фаъолиятҳои криминалии муҳити соҳибкорӣ; таъмини бехатарии роҳбарият, кормандону мутахассисони касбӣ.
Новобаста ба он ки чорабиниҳои дар боло қайд кардашуда дараҷаи таваккалро хеле паст менамоянд, бо ин қаноатманд шудан нокифоя аст, чунки дар ҳолатҳои таваккал дастур додани менеҷер ҳанӯз ҳалли масъала намебошад.
Ин як кори масъулиятноку бузурге мебошад, ки қобилияти баланди эҷодӣ, эҳсосотӣ, иродаи боқуввати ҷисмонию рӯҳии одами зиндаро талаб мекунад.
Рафтори менеҷери бахши таваккалро на фақат омилҳои объективии бозор ва муҳити дохилаи ташкилот муайян месозад, балки ҳолати рӯҳию эҳсосотии худи менеҷер ва атрофиёни ӯ (дастаи ӯ) низ ба ҳамаи ин вобастагии калон дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор