Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар зери таъсири чунин омилҳо менеҷер қарор қабул намуда, баъдан вақти ба худ омадан ҳайрон мешавад, ки ӯ чӣ хел ба ин кор қодир аст.

Ҳолатҳо аз нигоҳи рӯҳиявӣ — ин ҷамъи ҳолатҳои воқеии объективӣ ва субъективӣ мебошанд, ки дорои хосияти маишӣ, корӣ ва сиёсии рафтори шахсони алоҳида, некхоҳон, бадхоҳон, қобилону ноқобилон, донишмандону бесаводон, хулоса дӯстону душманон мебошанд, ки дар як лаҳзаи вақти муайян ба вуқӯъ мепайвандад.

Ин ҳолат фақат дар ҳамон вақту соати ба вуқӯъ пайвастанаш актуали буда, ҳамон замон амал мекунаду халос (мумкин каму беш давом кунад), вале он гирдбод ё худ занҷир метавонад гурӯҳи одамон, шакли фаъолият ё худ моли алоҳидаро ба худ гирифта, дар ҳолати ногувору зиндагӣ мегузорад. Ин ҳолатро мутахассисон ҳамчун мафҳуми «Одам дар ҳолатҳо» муаррифӣ намуда, қайд менамоянд, ки натиҷааш аз он вобастагӣ дорад, ки шахсият ҳолатро чӣ хел дарк мекунад, ғам мехӯрад ва мубориза мебарад. Қарори ҳаракатҳои эҳсосотӣ, рафтор ва амали он маҳсули ҳамон ҳолате мебошад, ки фард ё ташкилот гирифтор шудааст.

Сохтори рӯҳиявии ҳолатҳоро чунин баҳо додан мумкин аст:

  1. Ҳолати вазъиятӣ — ҳолате ки одамонро иҳота намудааст, яъне муҳити иҷтимоӣ, моддӣ, психологӣ, муҳити табиӣ ва олами беруна.

  2. Ҳолати шахсиятӣ — ҳолате мебошад, ки бевосита ба сифатҳои фардии шахси дар чунин ҳолат гирифторшуда вобастагӣ дорад, яъне донишмандӣ, ҳунармандӣ, физиологӣ, рӯҳӣ, этникӣ, миллӣ ва дигар қобилиятҳои модарзодӣ.

  3. Ҳолати фаъолиятӣ — ҳолати рафтори шахсе, ки ба ҳолати ногувор дучор мегардад ва вобаста ба он, ба чӣ кор машғул ва чӣ хел рафтор мекунад. Ин ҳолат хеле мушкилу мураккаб буда, баъзе мавридҳо, ҳатто одамон ба худкушӣ низ даст мезананд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки аксарияти одамон ба чунин ҳолатҳо гирифтор мешаванд ва ҳеҷ кас аз ин эмин нест, чунки қонуни зиндагӣ дорои хатҳои сафеду сиёҳ буда, ҳар як шахс хоҳу нохоҳ дар дараҷаҳои гуногун онро аз сар мегузаронад.

пешина
аз 522
навбатӣ