Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

б) натиҷаи манфӣ имкон дорад;

в) дараҷаи таваккали ҳеҷ кам нигоҳ дошта мешавад.

Вақте ки менеҷери тиҷорат дараҷаи таваккалро муайян месозад, барои иҷрои барнома қарор қабул менамояд. Вобаста ба имконоҷҳо ва донишмандию зиракӣ дараҷаи таваккалро то андозаи максималӣ кам карда, бехатарин рафтори хешро интихоб менамояд. Бояд гуфт, ки ҳаракатҳои зиёд кардани даромаднокӣ хоҳ нохоҳ ба дараҷаи муайяни таваккали ногувор дучор мегардад.

Идоракунии таваккале, ки дар натиҷаи фаъолияти маркетингии ташкилот ба миён меояд, чунин баҳо дода мешаванд:

  1. Баҳодиҳии ҳолатҳо аз рӯи мавҷуд будани дараҷаи таваккал.

  2. Ҳатман ба инобат гирифтани дараҷаи таваккал ҳангоми кор карда баромадани вариантҳои қарори ҳолатии менеҷмент.

  3. Интихоби варианти беҳтарини дараҷаи таваккали идорашавандадошта, эҳтимолияти банақшагирии ҳолатҳои ногувор.

  4. Ҳангоми баҳодиҳии эҳтимолияти боқимондаи таваккал, қабули қарор оид ба имконоти ба инобатгирии пайдоиши он.

  5. Баҳодиҳии эҳтимолияти ҳисорот, ҳангоми дар ҳолати ногувор мондан.

  6. Қабули қарори идоравӣ оид ба инобатгирии таваккали дохила ва беруна, ҳангоми паст будани дараҷаи таваккал.

  7. Пешбинии чорабиниҳо барои то минимум овардани дараҷаи таваккал.

Мутахассисони идоракунии таваккал чунин пешниҳод менамоянд, ки дараҷаи таваккалро дар системаи маркетингӣ аз аввал то охир таҳлил намуда, қарори идоракуниеро бояд қабул намоем, ки қобилияти ҳаётии ташкилотро таъмин сохта, имконоти рақобатнокиро нисбат ба хатар пуризӯр намояд. Пешниҳоди иқтисодии мутахассисон бошад, ин равона кардани фаъолият ба диверсификатсияи таваккал — яъне тақсимоти капитал, сармоягузорӣ байни якчанд равандҳои соҳибкорӣ, фаъолият бо молҳои гуногун, дар сегментҳои гуногуни бозор мебошад.

Инчунин, роҳи тақсимоти таваккал байни ҳамкорон, ин тақсимоти мол бо гурӯҳҳои камтар, нигоҳдории воситаҳои қимматнок дар минтақаҳои гуногунро дар бар мегирад.

пешина
аз 522
навбатӣ