Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Мутахассисони бахши рӯҳшиносӣ таъкид месозанд, ки шахсияти пухтарасида ин 3 ҳолати дар боло номбаршударо ба 3 ҳиссаи баробар тақсим ва мувозинатӣ таҳлил карда, ҳаракатҳои фаъол нишон дода, аз вазъият бо сари баланд мебарояд.
Бинобар ин, таваккалқорӣ дар соҳибкорӣ фақат фаъолияти иқтисодӣ набуда, сарчашмаи объективӣ ва субъективӣ дорад, яъне рафтори одамони гуногунҳислат ба як ҳолат ё як ҳодиса нигоҳи гуногун доранд. Мисол, Шумо як фаъолиятро хеле хуб иҷро карда, мақсади нек дошта, мехоҳед, ки дараҷаи зиндагии одамон хуб гардад, одамон ҷои корӣ дошта бошанд. Дигаре, ки чашми бад ё хусумати шахсӣ дорад намехоҳад, ки ин пешравии фаъолиятро бубинад. Дар натиҷа ду рафтори бо ҳам зид, яъне қувваи некӣ ва бадӣ ба миён омада, рафторҳо низ фарқи куллӣ дошта, ба ҳолати ногувор дучор шудани қувваи некҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Лекин дар ҳама гуна ҳолат, инсон бояд худро ҳамчун шахсият, покдилу поквичдон, ҳалолу меҳнатдӯст нишон дода, рафтор кунад ва он гоҳ Худо хоҳад ғалаба мекунад. Ба шахсияти менеҷере, ки хеле хуб тайёр аст, ҳолати таваккал ва хатари рӯҳӣ ҳатто мусбӣ таъсир карда, фаъолияташро беҳтару хубтар менамояд.
Дар чунин ҳолатҳо менеҷери хирадманд бояд чунин ҳаракатҳоро дошта бошад:
- Фаъолияти баланд ва фаъоли рӯҳивию корӣ доштан ва ҳаргиз рӯҳафтода нашудан.
- Баланд шудани ҳисси шунидан, дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ намудан ба атрофиён ва баҳо додани ҳолати ҳодисаи пайдошуда.
- Баланд шудани фаъолият барои ҳалли масоили пайдошуда.
- Худ ба даст гирифта, ақл, диққатро ба як ҷо равона карда, боандеша амал кардан.
- Қобилияти баланди эҳсосоти даркро дошта, сабру тоқатро пеша кардан.
- Фикррониро пурра истифода карда, реаксияи худро ба ҳолати пайдогашта нишон додан.
- Худро барои фаъолияти самаранок ва пуркувват тайёр намудан.
- Боварӣ кардан ба муваффақиятҳо, боғайрат будан, мардонагиро аз даст надодан, қафо нагаштан аз фаъолият.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор