Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Диққатро ба кор ё фаъолияти пуошавк додан.

  2. Тайёр будан ба ҳамаи тағйирёбии ҳолатҳо.

  3. Ҳушёрӣ, виракӣ ва эҳтиёткории боаклона.

  4. Худро идора кардан.

Менеҷере, ки корманди касбӣ нест ва таҷрибаи кам дораду курси махсусн менеҷериро нагузаштааст, дар чунин ҳолатҳо худро аз даст дода, дар доираҳои гуногуни рӯҳияш чунин тағйиротҳои манфӣ пайдо мегарданд:

  1. Ҳолати мотиватсионии максаднок - муборизаи мотивҳо, паст шудани қобилияти корӣ, қобилияти ба мақсадрасӣ, роҳ додан ба хатоҳои оддӣ дар худмуҳофизаткунӣ, худэҳтиёткунӣ, даст кашидан аз фаъолият, фаъолиятҳои нофаҳмо кардан, худсафедкуниҳои беасос, мубаддал гаштани хислатҳои ақлонии инсондӯстӣ ба мақсадҳои нодуруст.

  2. Ҳолати ногувори шунавой - паст шудани дарки масъала, суръати фикрронӣ вайрон шудани мантиқи сухан, суст шудани қобилияти эҷодкорӣ, ихтироотчигӣ, диққат додан, масоили зинда мондан, ҳаросу тарс, масъаларо аз будаш хотирот, фаромӯш кардани дастуру пешниҳодҳо, ақлро гум кардан, ҳар гуна фикрҳои нолозим ба сар омадан ва ғайра.

  3. Ҳолати ногувори эҳсосотӣ - нобоварӣ ба худ, гумон доштан аз касе, ғам хӯрдан, ба тарсу ҳарос гирифтор шудан, қаҳру ғазаб пайдо кардан, беқувватӣ ҳис кардан, ҳеҷ чизро дарк накардан, ҳолати аффект ва ғайра.
    Ғамхӯрии ногувори субъективӣ метавонад ба яке аз узвҳои асаб таъсир расонида, менеҷерро аз ҳолати мӯътадилӣ бароварда, ба роҳи бад бубарад.

  4. Ҳолати ногувори иродавӣ - калавишҳо, ноустуворӣ, худро гум кардан, гум кардани қобилият, бовар надоштан ба ғалаба, таҳдиду тарс аз қувваҳои бадӣ, худро аз даст додан, гузаштан ба рафторҳои ношоиста, ҳаракатҳои беҳисобу китоб, иродаро аз даст додан, арабӣ шудани, нӯшидани машруботи спиртӣ ва истифодаи маводҳои сахттаъсир.

  5. Ҳолати вазнини рӯҳӣ — пурра аз даст додани ҳолати солимӣ, вайроншавии рӯҳу асаб ва ҳолати мӯътадили физиологӣ, девона шудан ё худро нобуд сохтан ва ғ.

пешина
аз 522
навбатӣ