Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Ҳамин тариқ, ҳолатҳо доимо бо худ раванди фардию субъективӣ дошта, рафтори менеҷерон ва дигар кормандони ба ин ҳолат дучоршуда характери ҳолатӣ дошта, инъикоси воқеии ҳодиса нест.
Равоншиносон исбот намудаанд, ки менеҷере, ки барои бартараф кардани чунин ҳолатҳо пурра омӯзонда шуда, дониши баланди касбӣ ва таҷрибаи кории роҳбарӣ дорад, дар ҳолатҳои ногувор аз уҳдаи ҳалли масоил, бартараф кардани хатар хеле хуб мебарояд.
Самаранокии аз уҳдаи ҳалли масъала баромадани менеҷер ба қобилияти фидокорӣ, ҳолати психологӣ ва рафтори арзандаи ӯ вобаста мебошад. Аслан чунин рафтори менеҷерон дар он вақт зоҳир мегарданд, ки агар онҳо хатари калон, нобудшавӣ, зарари калони молиявро ҳис мекунанд. Дар мисоле, ки мо дида мебароем ин қурбон шудани бозорӣ ё худ менеҷерӣ номида мешавад.
Қурбонии паст ва баландро дар соҳаи бозор ва кори менеҷерӣ ҷудо мекунанд. Маълум аст, ки қурбони қонунвайронкуниҳо аксар маврид ҷавонон мебошанд, ки таҷрибаи бои зиндагӣ ва дониши баланд надоранд, одамшинос нестанд, доимо ба таваккалкорӣ роҳ медиҳанд, намуди зоҳирии зебо дошта, аз ҷиҳати моддӣ таъмин мебошанд, зудбоваранд, дӯстонро нағз намешиносанд. Ва дар тарабхонаҳо бо дӯстон маишатро нағз мебинанд.
Ба ҳамаи ин камбудиҳо ва унсурҳои диққатҷалбкунандагӣ, камбудии асосии ин гуна ҷавонон дар он мебошад, ки онҳо ҳолатҳоро дуруст баҳо дода натавониста, дониши касбии пурра надоранд, яъне ҳолати ба қурбонӣ гирифтор шудани худро ҳис намекунад. Ҳолати дигарро низ мушоҳида намудан мумкин аст, ки баъзе ҷавонон ба бозиҳои шавқовар одат кардаанд, яъне ин гурӯҳи одамон ором нанишаста дидаю дониста ба як кори хатарнок даст мезананд. Ин гуна шахсон рафта-рафта охир худ қурбонии ин рафтори хеш мегарданд.
Имрӯзҳо ғамхорӣ барои бехатарин бозор ва менеҷер яке аз масоили муҳими соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад.
Аз нигоҳи мутахассисони бахши менеҷмент ва равоншиносон, агар менеҷер қобилиятҳои зеринро дошта бошад, эҳтимолияти сар задани хатар хеле кам мешавад:
- Дониши зарурӣ касбӣ - дар фаъолияти инсонӣ, рафтори нек, қоидаҳои рафтори роҳбарӣ, баҳо додани ҳолатҳои криминалӣ ва иқтисодӣ, баҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор