Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

додани фаъолияти рақибон ва қонунвайронкунандагон, баландбардории бехатарии шахсӣ, молиявӣ ва дигаронро дар бар мегирад.

  1. Тарбияи рафтори бехатарӣ доштан - дар бозор, дар тиҷорат, ҳангоми вохӯрӣ бо одамони ношинос, дар нақлиёт, дар ҷои зист ва дар ҳолатҳои ногувор рафтори эҳтиёткорона зоҳир мекунанд.

  2. Тарбияи маданӣ доштан, - ба зебоӣ, санъат, спорт завқу ҳаваси зиёд доштан, аз майнӯшӣ даст кашидан, дар ҳар гуна шабнишиниҳои бемантиқ иштирок надоштан ва ғ.

  3. Эҳтиёткории боақлона - ҳушёрӣ, назораткунанда, худидоракунанда, дилёбӣ, одамонро шинохтан ва аз якдигар фарқ кардан.

  4. Қоидаҳои махсуси худҳимоявиро доштан - ақлонӣ, рафторӣ, физиологӣ, техникӣ.

Раванди дигари субъективии иқтисодӣ барои паст кардани хатари таваккалкорӣ дар роҳбарии маркетингӣ, ин инкишофи санъати менеджмент мебошад. Дар шароити инкишофи босуръати технологӣ, суръати баланди тағйирёбии соҳибкорӣ, рақобати бозор, навоварӣ ва васеъ гаштани муносибатҳои соҳибкорию кордонӣ, фақат менеҷменти касбии инкишофёфта метавонад аз уҳдаи он барояд.

Аз нигоҳи роҳбарӣ дар инкишофи маркетинг мақоми асосиро равандҳои зерин доро мебошанд:

  1. Кордонии менеҷменти олӣ - шӯро, шӯрои директорон, маъмурият ва дигар мутахассисони штабие, ки ин вазифаро ба уҳда доранд. Ин «маркази ақлонӣ»-е мебошад, ки инкишофро бояд таъмин созад, яъне дараҷаи таваккал ва хатари калонро пешгӯӣ карда тавонанд.

  2. Таҷрибаи истеҳсолию касбӣ доштани менеҷерон.

  3. Дониши иқтисодӣ доштани менеҷери маркетингӣ, донистани сегментатсияи бозоре, ки дар он ташкилот фаъолият менамояд.

  4. Қобилияти баланди мотиватсионӣ доштани менеҷер — фаъолияти бовариноки мақсаднок дар бозор. Худнишондиҳӣ, солимии бадан, серталабӣ, нисбат ба худ ва дигарон беғаразона рафтор доштан, эҷодкорӣ, пешбинӣ, навпарастӣ, мустақилият, ояндабинӣ, қавииродагӣ, пургайратӣ, устуворӣ ва мардонатӣ нишон додан.

пешина
аз 522
навбатӣ