Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ман дар вақти қабули қарори
    идоракунӣ аз нишондиҳандаҳои
    гуногуни молиявӣ истифода мебарам.

  2. Ман усули дискантивии
    молиявиро барои баҳои лоиҳа
    истифода мебарам.

  3. Ман медонам, ки ҳисоботҳо
    элементҳои субъективӣ ва
    тағйирёбанда доранд.

  4. Ҳисоботҳоро таҳлил карда, ман
    доимо кӯшиш мекунам, ки онҳоро
    беҳтар намоям.

ТАҲЛИЛ:

Холҳои гузоштаро ҷамъбаст намуда, чунин баҳоро сазовор шудед:

  1. 32-64 хол. — Барои менеҷер будан дониши Шумо кифоя нест.
  2. 64-95 хол. — Шумо оид ба ҳисоботҳо дониши хуб доред, аммо он ҳанӯз кофӣ нест.
  3. 96-128 хол. — Шумо таҷрибаи калони таҳлили ҳисобот дошта, мутахассиси хуби молиявӣ мебошед.

ТЕСТИ 8

Фурӯши мол асоси муваффақиятҳои фаъолияти роҳбарӣ мебошад. Тести мазкур имкон медиҳад, ки Шумо худро ҳамчун «устоди фурӯш» баҳогузорӣ намоед.

Ҷавобҳои Шумо
① Ҳеҷ гоҳ -1 хол
② Баъзан вақт -2 хол
③ Аксар вақт -3 хол
④ Доимо -4 хол

  1. Пеш аз он ки ман гуфтушунидро бо
    харидорони воқеӣ шурӯъ кунам, нақшаи
    фурӯши молро омода месозам.

  2. Ман стратегияи фурӯшро кор
    карда, фаъолияти хешро ба он
    мувофиқ мегардонам.

  3. Ман чунин шарт гузоштам, ки усулу
    кордонии фурӯшро аз худ намоям.

  4. Ман аз тамоми намуди технологияи ахборӣ истифода менамоям.

пешина
аз 522
навбатӣ