Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ман вақти кории хешро бо он
    мақсад тақсим менамоям, ки
    самаранок истифода барам.

① ② ③ ④

  1. Ман хоҳиши харидорро муайян
    намуда, мувофиқи он тиҷоратро ба
    роҳ мемонам.

① ② ③ ④

  1. Ман пешакӣ ба маҷлисҳои савдо
    ва тиҷорат тайёрӣ мебинам.

① ② ③ ④

  1. Ба пешниҳодҳои тиҷоратӣ шинос
    шуда, ман аниқ медонам, ки бо кӣ
    ҳамкорӣ намоям.

① ② ③ ④

  1. Ман харидоронро ҷустуҷӯ намуда,
    оид ба онҳо маълумоти зиёде
    пайдо мекунам.

① ② ③ ④

  1. Ҳангоми вохӯрӣ бо мизоҷон ман
    дӯстона ва бо боварӣ сӯҳбат
    менамоям.

① ② ③ ④

  1. Ман усулҳои беҳтарини гуфтугӯйро
    бо телефон интихоб намуда, ба
    муваффақият ноил мегардам.

① ② ③ ④

  1. Ман диққати калонро ба алоқа
    бо мизоҷон медиҳам.

① ② ③ ④

  1. Ба гуфтушунид тайёрӣ дида, ман
    худро ба ҷои мизоҷон тасаввур
    мекунам.

① ② ③ ④

  1. Ман муаррифии молро дар
    рӯҳияи баланд ба анҷом мерасонам.

① ② ③ ④

  1. Ҳангоми муаррифии мол ман аз
    аҳли толор хоҳиш менамоям, ки
    фикри худро баён намоянд.

① ② ③ ④

  1. Ман аз он қаноатманд мешавам,
    ки агар мизоҷон ба суханони ман
    диққат диҳанд.

① ② ③ ④

пешина
аз 522
навбатӣ