Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
БОБИ 42
АСОСГУЗОРОНИ ИЛМИ
МЕНЕҶМЕНТ
-
Адлер Ненси соли 1948 дар штати Калифорнияи Амрико таваллуд шудааст. Н.Адлер оид ба масоили стратегии идоракунии захираи башарии ҷаҳонӣ тадқиқот мебарад. Масоили асосии тадқиқоти ӯ рафтори роҳбарии занони пешво-менеҷерон, роҳҳо ва тарзу усулҳои бурдани гуфтушунидҳои байналхалқӣ, инкишофи глобалии ташкилотҳо мебошад. Китобҳои Н.Адлер ба «равандҳои байналхалқии рафтори роҳбарӣ» бахшида шуда, солҳои 1986, 1988, 1994 аз чоп баромада, мақоми байналхалқӣ гирифтаанд.
-
Акофф Рассел соли 1889 дар шаҳри Филадельфияи ИМА таваллуд шудааст. Асарҳои Р.Акофф дар инкишофи назария ва усулҳои идоракунӣ, махсусан банақшагирии интерактивӣ, мақсаднокии фаъолияти корпоративӣ мақоми хосаи худро дар менеҷмент ёфтаанд.
-
Ансофф Игорь соли 1918 дар ш. Владивостоки Россия ба дунё омадааст. Дар ташаккули назарияи менеҷменти стратегӣ саҳми калон гузоштааст. Оид ба омӯзиши комплексии менеҷменти стратегӣ ва баинобатгирии омилҳои беруна И.Ансофф тадқиқотҳои хеле зиёде бурда, ба комёбиҳо ноил гаштааст.
-
Бартлетт Кристофер соли 1943 дар ш. Брисбени Австралия ба дунё омадааст. Оид ба назарияи менеҷменти байналхалқӣ тадқиқот бурда, онро ҳамчун як соҳаи мустақили илми иқтисодӣ муаррифӣ намудааст. Асарҳои К.Бартлетт дар асоси тадқиқотҳои зиёди фаъолияти зиёда аз 10 ширкатҳои калони байналхалқӣ навишта шудаанд.
-
Беннис Уоррен соли 1925 дар ИМА таваллуд шудааст. Тадқиқотҳои асосии ин олими бузург оид ба «Пешвоӣ» бахшида шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор