Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
-
Бенсон Генри солҳои 1909-1995 умр ба сар бурда, аслан ӯ зодаи Африқои Ҷанубӣ мебошад. Дар инкишофи «Баҳисобгирии бухгалтерии байналхалқӣ»
мақоми махсус дорад. -
Бир Стафорд соли 1926 дар Англия ба дунё омадааст. Дар тадқиқоти усулҳои кибернетикии фаъолияти менеҷмент мақоми хоса дорад.
-
Блекетт Патрик М.С. соли 1897 дар Англия ба дунё омадааст. Дар инкишофи назарияи таҳлил, махсусан дар соҳаи ҳарбӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамчун олими бахши физика шинохта мешавад.
-
Боуллинг. Кеннет Э. соли 1910 дар Англия ба дунё омадааст. Оиди дониш, муноқиша, муҳити атроф ва мақоми он дар инкишофи иқтисоди миллӣ тадқиқот бурда, саҳмгузор аст.
-
Викерс Джефрон соли 1894 дар Англия ба дунё омадааст. Дар инкишофи системаи концептуалии назарияи менеҷмент саҳми арзанда гузоштааст.
-
Гулик Лютер соли 1892 дар ш. Осакаи Ҷопон ба дунё омадааст. Тамоми умри хешро оиди омӯзиши масоили «Идоракунии давлатӣ» бахшидааст. Дар тадқиқоти инкишофи идоракунии давлатии ИМА мақоми арзанда дорад.
-
Гэлберт Д.Кеннет соли 1908 дар давлати Канада ба дунё омадааст. Яке аз пайравони аввалини Д.М.Кейнс буда, тасдиқ менамояд, ки давлат вазифадор мебошад талаботу таклифотро бо роҳи назорати нарх ва даромад ба танзим дарорад. Бинобар ин, аксари асарҳои Гэлберт Д. Кеннет оиди инкишофи иқтисодӣ ва таърихи фикрронии иқтисодӣ бахшида шудаанд.
-
Данлоп Д.Томас соли 1914 дар ИМА ба дунё омадааст. Дар тадқиқоти инкишофи назария ва амалияи муносибатҳои меҳнатӣ саҳми калон дорад.
-
Дималжо Пол (1951), Пачал Уолтер (1951) дар ИМА ба дунё омадаанд.
Оиди масоили истифодабарии самараноки захираҳои дохили ташкилотӣ тадқиқотҳои илмӣ бурдаанд. -
Друкер Питер соли 1909 дар Вена таваллуд шудааст. Яке аз олимони шинохтаи бахши менеҷмент буда, оиди муаммоҳои идоракунӣ асарҳои зиёде эҷод намудааст.
-
Жаке Эллиот соли 1917 дар Англия ба дунё омадааст. Фаъолияти эҷодии
худро оиди сохтори идоракунии ташкилотҳо ва муносибатҳои истеҳсолӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор