Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ҷамъиятӣ кӯмак мерасонанд. Новобаста ба ин дар даҳсолаи охир менеҷменти ташкилотҳои калони байналхалқӣ ба зиддиятҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ мегарданд. Ин пеш аз ҳама дар рафтори сиёсатмадорони калон дида мешаванд. Онҳо аз тарси он, ки ин ташкилотҳо мавқеи худро мустаҳкам намуда, метавонанд ба ҳаёти сиёсии мамлакат тағйирот ворид созанд, монеаҳои гуногун ба вуҷуд меоранд. Соҳибкорони пешқадам, варзишгарони қобилиятнок, ҳунармандони фавқуттабиӣ дар як муҳлати кӯтоҳ соҳиби пулу моли зиёд гашта, дар вазифаҳои муҳими ҷамъиятӣ мавқеи сиёсии худро пайдо менамоянд ва соҳиби обрӯю эътибори калон шуда, имкони аз байн бурдани тартиботи номувофиқи давлатдориро пайдо месозанд. Бинобар ин, зиддиятҳо дар солҳои охир дар давлатҳои тараққикарда зиёд гаштааст, ки ин албатта муносибати хуб намебошад.

Аз тарафи дигар, агар ташкилотҳо қувваи якҷояи менеҷеронро самаранок ва коллективона истифода набаранд, онҳо мавқеи худро аз даст дода, оқибат аз байн мераванд.

Аксаран, бо сабаби он ки менеҷерони ташкилотҳои калони байналхалқӣ мавқеи васеи ҷамъиятӣ доштани худро тарғиб намекунанд, ё худ пинҳон медоранд, ки ташкилоти онҳо дар инкишофи ҷамъиятӣ мавқеи асосӣ доранд, баъзе иқтисодшиносон, журналистон меъёрҳои тартиботиеро пешниҳод менамоянд, ки худи онҳо барпо сохтаанд. Чунин як муносибат дар баъзе ҳолатҳо ба он оварда мерасонад, ки ҳавасмандӣ ва хоҳишҳои ин ташкилотҳоро барои пайдо кардани арзишҳои нав хеле коста мекунанд. Мисолҳои бисёре овардан мумкин аст, ки аллакай роҳбарони ташкилотҳои байналхалқӣ аз қабили Генри Форд, Линколн, Ланд Крузе, Билл Гейтс ва дигарон мавқеи таърихии худро ёфтаанд. Ин муваффақиятҳои онҳо на ба хотири мавқеи байналхалқӣ пайдо кардани ташкилотҳояшон, балки шахсан саҳми арзандаи онҳо дар барпо кардани арзишҳои ҷамъиятии байналхалқӣ аст.

Дар доираи концепсияи ташкилотҳо ҳамчун созандаи арзишҳои иқтисодӣ бо алоқамандӣ ба кормандон низ меъёрҳои нави арзишӣ кор карда баромада мешаванд, чунки одамон ҳамчун сарчашмаи ташаккули арзишҳо барои иҷрои мақсадҳои иқтисодӣ мақоми аввалиндараҷа бозида, баҳо надодани чунин як арзиш ҳамчун истисмори қувваи коргарӣ ҳисобида мешавад. Дар мамлакатҳои тараққикарда, ки қонуни меҳнат ва низоми меҳнат хеле ҳам мустаҳкам

пешина
аз 522
навбатӣ