Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
мебошанд, як қатор арзишҳои муносибатҳои башӣ риоя карда мешаванд. Дар асоси риояи ин меъёрҳои рафтори башӣ ташкилот ҷои кориро ба кормандоне кафолат медиҳад, ки аз ӯҳдаи қоидаҳо ва вазифаҳо, инчунин мақсадҳои стратегии онҳо баромада метавонанд.
Яке аз васоити ҳавасмандӣ ва рӯҳбаландии кормандон дар ташкилот бастани шартномаи меҳнатӣ мебошад. Имрӯзҳо аксари ташкилотҳои байналхалқӣ, хурду миёна алоқамандии кормандон ва ташкилотҳоро дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба роҳ монда, чунин як алоқамандиро ба меъёрҳои баланди арзишҳо мувофиқ кунонида, фаъолият менамоянд, ки самаранокии ду тарафро таъмин месозад. Бояд қайд кард, ки дар муқоиса бо техникаю мошинаҳо одамон наметавонанд, ки моликияти шахсе, ё худ ташкилоте бошанд, вале ҳамчун омилҳои истеҳсолӣ дар ҷараёни истеҳсолот фаъолона иштирок намуда, дар соҳаи фаъолияти ташкилот ва соҳибкории он мавқеи асосӣ доранд. Ҳар қадар ки кормандон дониши баланду қобилияти олии кордонӣ дошта бошанд, ҳамон қадар ташкилот самаранокии кори худро таъмин месозад. Ҳангоме ки кормандро ташкилот ба доимии ҷои кор кафолат намедиҳад, вай намехоҳад, ки тамоми қуввату ғайрати худро барои азхудкунии дониши нав, баландбардории самаранокии кори худ равона созад. Дар натиҷа ташкилот ҳавасмандии корашро пурра аз даст дода, мавқеи худро дар бозор гум мекунад.
Кафолати шуғли кормандон дар ташкилот яке аз масъалаҳои асосии рӯҳиявии ба ҳисоб рафта, солҳои охир ҳатто ширкатҳои калонтарини дунё ба ин масоил дармонда маҷбур мешаванд, ки миқдори коргарони худро кам кунанд, ки оқибат ба корпартоӣ, ё худ гирдиҳамоиҳои калон оварда мерасонанд.
Бинобар ин, ташкилотҳо солҳои охир усули нафиси махсусгардониро пеш гирифтаанд, ки коргарони худро махсус тайёр намуда, ҳаракат мекунанд, ки онҳо фақат барои ҳамин ташкилот мутахассис бошанду халос. Чунин як роҳ имкон медиҳад, ки ташкилот ба коргарон кам музд дода, доимияти онҳоро нигоҳ дорад. Ин роҳ ҳамчун алоқамандии ҳаётии корфармо ва кориҷрокунанда ба ҳисоб рафта, коргарон маҷбуранд, ки қобилияту кордонии худро барои пешравии соҳибкории ташкилот равона созанд, то ин ки музди меҳнат ва шароити корӣ, инчунин дараҷаи зиндагонии онҳо беҳтар шуда, худро аз бекорӣ эмин доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё