Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Фридмен Милтон соли 1912 дар шаҳри Ню-Йорк ба дунё омадааст. Ф.Милтонро ҳамчун пешвои мактаби монетарии иқтисодии Чикаго шинохта шуда, оид ба назарияи миқдории пул ҳамчун воситаи асосии сиёсати иқтисодии давлат саҳми калон гузоштааст.

  2. Фуко Мишел соли 1926 дар шаҳри Парижи Фаронса ба дунё омадааст. Ӯ яке аз файласуфони барҷастаи асри XX оид ба таърихи муносибатҳои инсонӣ, масоили беақлӣ, ҷазо, муноқиша ва алоқаи ҷинсӣ тадқиқот бурда, пешниҳоди зарурати роҳбариро дар ҳама ҷабҳаҳо яке аз омилҳои муҳим мешуморад.

  3. Хайек Фридрих Август соли 1899 дар Австрия ба дунё омадааст. Ӯ оид ба назарияи капитал, пул, методологияи илмҳои иҷтимоӣ, таърихи инкишофи фикрронии илмӣ саҳми арзанда гузоштааст.

  4. Хаммер Майкл соли 1948 дар ИМА ба дунё омада, дар инкишофи назарияи менеҷменти солҳои 90-уми асри XX мақоми арзанда дорад. Барои таъмини самараноки инкишофи соҳибкорӣ технологияи ахбории «реинженеринг»-ро дар мадди аввал гузошта, таъминоти саривақтӣ ва дурусти ахборро асоси ҳамаи пешравиҳо мешуморанд.

  5. Хэнди Чарлз соли 1932 дар Ирландия ба дунё омадааст. Тадқиқотҳои илмии ӯ оид ба равандҳои психологӣ ва фалсафии менеҷмент бахшида шудаанд.

  6. Чайд Чон соли 1940 дар Англия ба дунё омадааст. Ӯ яке аз олимони намоёни аврупоӣ мебошад, ки асарҳояш оид ба рафтори ташкилӣ дар Амрико пазируфта шудаанд.

  7. Чекланд Питер Бернард соли 1930 дар Англия ба дунё омадааст. Оид ба методологияи лоиҳакашии системавӣ дар менеҷменти стратегӣ саҳми арзанда дорад.

  8. Шейн Эдгар соли 1928 дар Шветсария таваллуд шудааст. Асоси тадқиқоти ӯро масоили маданияти роҳбарӣ, омӯзиш ва тағйирёбиҳо дар ташкилот, инчунин инкишофи вазифадории роҳбарӣ ташкил медиҳанд, ки аз тарафи аксари ташкилотҳои байналхалқӣ пазируфта шудаанд.

  9. Шумахер Эрнест Фондрих соли 1911 дар Олмон таваллуд шудааст. Ҳамчун асосгузори назарияи инкишофи бизнеси хурд дар менеджмент шинохта шудааст.

  10. Шумпетер Йозеф соли 1883 дар Чехия ба дунё омадааст. Олими барҷастаи иқтисоддон буда, дар аксари ақидаҳои инкишофи иқтисодӣ табадуллоти куллӣ ворид сохтааст. Махсусан оид ба назарияи меъёри фоизи қарз, инкишофи капитализм, давраҳои фаъолнокии кории одамон, шоёни таҳсин мебошанд.

Эзоҳ: Оид ба донишмандону хирадмандон ва файласуфони форсу тоҷик ва дигар мактабҳои таърихии рафтори роҳбарӣ, муносибатҳои башарии халқҳои гуногун дар охири китоби 2-юми менеджмент пурра маълумот дода шудааст. Асарҳо ва ақидаҳои олимони шинохтаи Россия, Украина, Белоруссия, Қазоқистон ва дигарон дар ҳар як боби китоб пешниҳод шудааст.

пешина
аз 522