Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

корманди камсаводу ғайримутахассис бо ҳосилнокии баланд меҳнат карда наметавонад.

  1. Тойода. Мақоми оилаи Тойода иборат аз 14 нафар дар қобилияти баланди кордонӣ, ҳаракат ва хоҳиши санъати баланди иҷрои корҳо, пешгӯии оянда аз тарафи ҳар як аъзои он буда, дар ҷорӣ намудани идеологияи ягонаи ташкилот асосгузоранд.

  2. Томпсон Джемс Дэвид соли 1920 дар ИМА таваллуд ёфтааст. Дар илми менеҷмент ҳамчун инкишофдиҳандаи алоқамандии ҷараёнҳои роҳбарӣ ва инкишоф шинохта шудааст.

  3. Уилямсон Оливер соли 1932 дар Амрико ба дунё омадааст. Асарҳои ӯ оид ба институтҳои иқтисодии омӯзиши сохтории ташкилот ва рафтори роҳбарӣ буда, яке аз асосгузорони ташкили сохтори самараноки ташкилот ба ҳисоб меравад.

  4. Уотсон Томас соли 1874 дар Ню-Йорк дар оилаи муҳоҷири шотландӣ ба дунё омадааст. Ӯ яке аз асосгузорони системаи IBM ба ҳисоб меравад.

  5. Урвик Линдал соли 1891 дар ИМА ба дунё омада, оид ба роҳҳои амалигардонии қоидаҳои менеҷмент дар ташкилотҳо мақоми хоса дорад.

  6. Файоль Анри соли 1841 дар Константинопол ба дунё омадааст. Ӯ яке аз олимони варзидаи менеҷменти аввали асри XX ба ҳисоб рафта, дар тадқиқотҳои худ ба қоидаҳои умумии идоракунӣ, назарияи классикии менеҷмент диққат дода, чордаҳ қоидаи идоракуниро пешниҳод намудааст, ки мо дар китоби менеҷмент овардаем.

  7. Фоллет Мэри Паркер соли 1868 дар шаҳри Куинсии Амрико ба дунё омадааст. М. Фоллет олими шинохтаи сиёсатшиносӣ буда, оид ба ташкили гурӯҳи идоракунӣ ва дигар масоили ташкилию идоракунӣ дар илми менеҷмент мақоми арзанда дорад.

  8. Форд Генри соли 1863 дар Амрико дар оилаи муҳоҷири ирландӣ ба дунё омадааст. Дар илми менеҷмент ҳамчун падари соҳибкорони дунё шинохта мешавад. Асосгузори системаи конвейерии истеҳсолӣ мебошад.

  9. Форрестер Джей Райт соли 1918 дар ИМА ба дунё омада, асосгузори системаи динамикии шаклҳои гуногуни модели компютерӣ ба ҳисоб меравад.

пешина
аз 522
навбатӣ