Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
32.1. Амалигардонии қобилияти фардии одамон
Комёбиҳо дар фаъолияти менеҷменти ташкилот ва пешравиҳо ба он вобаста мебошад, ки то чӣ андоза масоили ташкилӣ ва қобилияти фардии ҳар як аъзои он хуб омӯхта, ба инобат гирифта мешаванд.
Маълум аст, ки барои нишон додани қобилияти баланди кордонӣ ба ҳар як шахс танҳо қобилияти фитрӣ кифоя набуда, он бояд бо мурури вақту замон инкишоф дода шавад. Иҷрои чунин вазифаи муҳим ба якчанд омилҳо вобаста мебошад, ки мо бояд онро дар назар дошта бошем. Дар баъзе давлатҳои ҷаҳон ба инобат гирифтани ин омилҳо ба воситаи қонун амалӣ карда мешавад. Дар аксар маврид менеҷменти корхона мустақилона онро ба инобат мегирад. Аксар вақт дар мавриди интихоби кадрҳо ва ҷобаҷогузории онҳо ва масъалагузории стратегии менеҷмент чунин омилҳои қобилияти кормандон бояд ба инобат гирифта шаванд:
- Нишонаҳои демографӣ - синну сол, ҷинсият, қобилияти физиологӣ.
- Хусусиятҳои иҷтимоӣ ва психологию фардии кормандон 3. Қобилиятҳои зеҳнӣ ва ихтисосии кормандон 4. Қобилият ва имконоти азхудкунии навовариҳо ва ихтироот.
- Хусусиятҳои миллӣ, урфу одат, дину оин ва дигар омилҳои нажодии кормандон.
Аз нигоҳи мо, бештар ба унсурҳои зерини омилҳои номбаршуда диққат додан зарур мебошад:
- Хусусиятҳои демографӣ.
Нишондиҳандаҳои сотсиологӣ гувоҳи онанд, ки солҳои охир қариб дар аксари корхонаҳои калони ҷаҳонӣ ҷараёни кӯҳансолшавии кормандон мушоҳида карда мешавад. Аз рӯи баъзе ҳисобҳо кормандони аз 50-сола боло қариб 85%-ро ташкил медиҳанд. Оид ба кормандони синну солашон калон як қатор фикрҳо вуҷуд доранд: ин гурӯҳи одамон навовариро хеле мушкил қабул намуда, хоҳиши хеле ками тағйирот доранд.
❖ таҷрибаи кӯҳнаи худро асос карда, навро баҳо намедиҳанд;
❖ дар як вазифа караҳт мемонанд ва хоҳиши ба дигар кор гузаштанро хеле кам доранд;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё