Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Баҳо додан ва интихоб кардани мутахассисон вазифаи муҳими интихоби кормандон мебошад.

Мутахассис гуфта қобилияти фавқуттабии физикӣ, психологие, ки дар рафтори одамон, нигоҳи онҳо, фикрронӣ ва ҳиссиёти онҳо доир ба ин ё он фаъолият, ё худ ҳодисаҳоро меноманд. Аксаран ба мутахассисон аз рӯи рафторашон баҳо додан мумкин аст.

Аммо дар ҳар сурат ихтисос қобилияти фардии одамон аст, ки роҳбарон бояд онро пурра ба инобат гиранд. Фаҳмидани шахсиятҳо ба роҳбарони ташкилотҳо имконият медиҳад, ки дар вақти ташкили корҳо, истеҳсолот ва қабули қарорҳою барномаҳои стратегӣ роҳи дурустро интихоб намоянд.

Дар баҳо додани қобилияти фитрии кормандон ва муҳити ҷамъиятӣ байни олимон баҳсҳои доманадоре вуҷуд дорад, ки мо низ бояд онро қайд намоем. Дар ҳақиқат, таҷриба нишон медиҳад, ки ин ду омил ба ташаккулёбии мутахассисон таъсири хеле калон мерасонанд.

  1. Қобилияти модарзодии одамон пеш аз ҳама тавсифи ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва омилҳои дигари шахсӣ, яъне миллат, нажод, омили психологӣ-руҳӣ ва ғайра.

  2. Қобилияти муҳити одамон омилҳои маданӣ, иҷтимоӣ ва ҳолатӣ. Аз нигоҳи мо, агар қобилияти модарзодӣ марзи имконоти ҳар як шахсро муайян созад, муҳит дараҷаи инкишофи одамонро дар ҳудуди ин марз таъмин месозад. Бинобар ин ду омил тақрибан дар инкишофи кормандон таъсири якхела мерасонанд.

Арзишҳои маданӣ ва меъёрӣ дар инкишоф ва рафтори одамон мақоми арзанда доранд. Мисол, урфу одатҳои миллии мо тоҷикон дар рафтори ҳар як шахс бетаъсир намонда, аз рафтори аврупоиён бо куллӣ фарқ мекунанд.

Омилҳои иҷтимоии дигар, аз қабили ҳаёти оилавӣ, дину оин, гурӯҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, намудҳои варзиш, гурӯҳҳои корӣ, умуман, муҳити иҷтимоӣ дар паҳлӯҳои гуногуни инкишофи шахсон метавонад муяссар бошад. Чунин таъсиррасонӣ вобаста ба синну сол гуногун мешавад, яъне то давраи ба балоғат расидан ин таъсирот зиёдтар хоҳанд шуд. Аслан мутахассисон се давраи тағйирёбии синну соли одамонро оид ба қабули дониши нав муайян созанд:

  1. 18-30 - солагӣ
  2. 30-45 - солагӣ
пешина
аз 522
навбатӣ