Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Омили дигар ин устувории эҳсосотии шахсиятҳо мебошад, ки аз рӯи дараҷаи иқтидори эҳсосотии ҳар як фард мушоҳида карда мешавад. Дар ҳолати пурра ба эҳсосот дода шудан пеш аз ҳама саломатии шахсиятҳо зарар мебинад.

Роҳбарон вобаста ба хислат аслан ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд.

  1. Гурӯҳи аввал ҳаракат менамоянд, ки вазифаҳои худро зуд иҷро намоянд, бинобар ин хеле агрессивӣ, қаҳролуд ва сахтгап мешаванд.

  2. Гурӯҳи дуюми одамон қувваи баланди ботинӣ дошта, сифатҳои стандартии ҳалли масъалаҳоро доранд, ки дар иҷрои аксари корҳои худ имконият пайдо месозанд.

Дар ҳолате, ки вазъи эҳсосот ва рӯҳияи менеҷерон устувор нест, асабонӣ шуда, ба атрофиён дағалона рафтор менамояд, ки дар натиҷа норозигии ҳамкоронро афзуда, обрӯю нуфӯзи менеҷментии корхонаи худро паст мегардонад.

Дар ҳолати дуюм, ки менеҷер иҷрои корҳоро босаброна, боақлона аз рӯи усули қабулшудаи худ, бе эҳсосот иҷро менамояд, муносибати атрофиён ба ин гуна шахсиятҳо хуб шуда, обрӯю эътибори менеҷменти ташкилот баланд мегардад.

Ғайр аз омилҳои демографӣ ва тавсифи фардии ҳар як шахсият, боз хусусияти дигари фарқиятҳо аз рӯи арзишҳо ва мавқеъгузорӣ вуҷуд доранд.

Арзишҳо ҳамчун васоити устуворӣ муносибат ба ҳодисаҳо ва натиҷаи онҳо баҳо додан мумкин аст. Арзишҳо гуфта, пеш аз ҳама он чизеро мемонанд, ки барои одамон «мақбул» ва «дуруст» аст.

Мисол, арзишҳои «баробарҳуқуқӣ», «ростқавлӣ», «боварӣ», «муносибати инсонӣ доштан ба одамон» ва ғайра аз арзишҳои волои инсонӣ мебошанд, ки ҳар як фард дар фаъолияту кори худ аз ин арзишҳо истифода бояд намояд.

Сарчашмаи асосии ин арзишҳо дар ҳар як шахс пеш аз ҳама волидайн, оила, мактаб, ҳамсояҳо ва муҳити атроф ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, аксари арзишҳоро одамон аз замони хурдӣ бо худ мегиранд ва истифода мекунанд.

Қисме аз арзишҳои инсониро ҳанӯз равоншинос Г. Оллпорт1 ва ҳамсабақони ӯ чунин гурӯҳбандӣ намудаанд:

пешина
аз 522
навбатӣ