Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

саривақт ва асоснок эрод гирифтан ва танқид намудани ноӯҳдабароён, инчунин ҳавасманд намудани фаъолон;

назорати бефосилаи фаъолияти ҳар як аъзои гурӯҳ ва нигоҳ доштани алоқаи доимӣ;

доимо талаби кори босифат кардан аз ҳар як аъзои гурӯҳ;

беҳтар намудан ва баланд бардоштани дараҷаи дониши кормандон бо роҳи ташкили ҳар гуна семинарҳо, конференсияҳо ва курсҳои махсуси баландбардории ихтисос.

Фаъолияти гурӯҳ ҳамон вақт самаранок мегардад, ки агар ҳар як аъзои он вазифа ва кори худро иҷро намоянд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки аксар мавридҳо вазифаҳо тағйир меёбанд ва аъзоёни гурӯҳ яке ба ҷои дигар фаъолият менамоянд. Бинобар ин хуб мешуд, аъзои гурӯҳ ба ғайр аз кори хеш боз аз ӯҳдаи як кори дигар баромада метавонист. Менеҷер пешво ҳангоми кор бо гурӯҳ бояд унсурҳои зеринро дар ёд дошта бошад:

  1. Одамонро барои иҷрои нақш маҷбур насохта, балки нақш бояд ба қобилияту характеру хислати ҳар як шахс мувофиқ бошад.

  2. Агар гурӯҳ хурд бошад ҳар як корманд ду-се нақшро бояд иҷро созад.

  3. Ҳангоми вазифагузорӣ ҳамаи масъалаҳо мувофиқа карда шаванд.

  4. Ҳар як нафар дар маҷлис доир ба фаъолияташ бояд ҳисобот диҳад.

  5. Диққати асосиро ба муваффақияти коллектив диҳед.

  6. Меҳнати ҳар як кормандро ҳамчун ҳиссаи муайян дар дастовардҳои гурӯҳ баҳо диҳед.

Роҳи асосии баланд бардоштани самаранокии кори гурӯҳ ин омӯзиши гурӯҳ доир ба тарзу роҳҳои нави кордонӣ ва навовариҳо мебошад.

Асоси арзишҳои баланди иҷрои кор дар гурӯҳ боварӣ доштан ба ҳар як аъзои он мебошад. Барои иҷрои фаъолият ба ҳар як корманд имконият дода ба он мо бояд пурра боварӣ дошта бошем, дар баробари он мувофиқи талабот, дар вазифа ё супориш тағйирот ворид созем, то ин ки корманд қобилияти худро пурра кушода тавонад. Инчунин пурсидан лозим аст, ки оё масъулияти ба зиммаи ӯ гузошташуда кифоя мебошад.

Ҳангоми оғози фаъолият бо гурӯҳе, ки ба Шумо аз роҳбари пешина боқӣ мондааст, дар муносибат бо кормандон ва уҳдадорони онҳо бидуни шитобкорӣ,

пешина
аз 522
навбатӣ