Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
корхона дар бозор бошад» яке аз роҳҳои он паст кардани нархи мол мебошад. Барои ин вазифаҳои зеринро бояд иҷро намуд:
-
Кам кардани хароҷотҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ.
-
Баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истифодаи захираҳои башарӣ.
-
Тағйир додани технологияи истеҳсолӣ.
-
Дигаргун сохтани реҷа ва усули корӣ.
-
Пайдо сохтани мотиватсияҳои дигари хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ.
Агар шумо дар натиҷаи иҷрои вазифаҳо ба муваффақиятҳо ноил нагаштед, боз як маротибаи дигар таҳлил намоед, ки мақсади асосӣ дуруст гузошта шуда буд ё не? Дар мавриди нобарорӣ хуб мебуд, ба фаъолияти бесамари хотима дода, фаъолияти худро ба тарзи нав ба роҳ мемондед. Унсури марказии самаранокии кори менеҷер, ин гурӯҳ ё худ даста мебошад.
Дар мавриди якҷоя меҳнат намудани даста, ҳар яке аз онҳо мақоми худро дорад. Мақоми менеҷери пешво — ташкил намудани гурӯҳе, ки аъзоёнаш фикрронӣ ва фаъолияти якҷоя дошта, манфиати умумӣ доранд.
Аслан дар гурӯҳи корӣ шахсони зерин бояд фаъолият дошта бошанд:
-
Танзимгар — фаъолияти гурӯҳро ҳамчун як даста муттаҳид менамояд.
-
Мунаққид — самаранокии кори гурӯҳро таҳлил карда, баҳо медиҳад.
-
Эҷодкор — фаъолияти эҷодии гурӯҳро дастгирӣ намуда, худаш бевосита иштирокчии фаъол мебошад.
-
Иҷрокунанда — шароити кориро барои гурӯҳ таъмин месозад.
-
Корманди алоқаҳои беруна — оид ба алоқаҳои берунаи гурӯҳ фаъолият менамояд.
-
Ташкилотчӣ — фаъолнокии ташкилии гурӯҳро таъмин месозад.
-
Назоратчӣ ё худ таҳлилгари... — натиҷаҳои ба даст омада бояд ҳар як давра таҳлили ҳаматарафа шаванд.
Шумо ҳамчун пешво тамоми фаъолияти гурӯҳро муттаҳид сохта, самаранокии онро таъмин месозед. Барои иҷрои ин мақсад Шумо бояд корҳои зеринро иҷро намоед:
кӯшиш ба он бояд кард, ки ҳар як аъзои гурӯҳ самараноқ фаъолият намуда, иҷроиши мақсади асосиро таъмин созад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё