Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Дар мавзӯи оянда мо роҳҳо ва усулҳои нишонагирӣ ба муваффақиятҳоро меомӯвем.
32.4. Нишонагирӣ барои ноил гаштан ба санъати волои менеҷмент
Барои таъмин намудани самаранокии кори идоравӣ доимо ҳолати иҷроиши корҳоро дар лаҳзаҳои аниқ муайян намудан зарур аст.
Барои баҳо додани дастовардҳо ва дуруст муайян кардани фаъолияти роҳбарӣ дар навбати аввал мо бояд аз меъёрҳо ва стандартҳо истифода намоем.
Меъёрҳо ду намуд мешаванд:
-
Меъёрҳо ва стандартҳои умумӣ (барои тамоми кормандон).
-
Меъёрҳо ва стандартҳои алоҳида, ки ҳар як корманд барои худ бояд муқаррар созад.
Номгӯи корҳоеро, ки Шумо дар давоми рӯзи корӣ бояд иҷро намоед, 100% онҳоро бояд ба нақша бигиред ва фоизи иҷрои онҳоро дар охири рӯз муайян созед. Дар натиҷа маълум мегардад, ки оё самаранок меҳнат намудаед, ё не. Барои ноил гаштан ба ин муваффақиятҳо чунин қоидаҳое мавҷуд мебошанд, ки роҳбарон ва кормандон бояд онҳоро риоя намоянд:
-
Нисбати худ серталаб ва сахтгир бошед.
-
Мақсади асосии худро аниқ муайян созед.
-
Барои комёбиҳо аз худ қаноатманд бошед.
-
Нобарориҳо ва ӯҳдабароии худро эътироф намоед.
-
Натиҷаи кори дигаронро аз худ нанамоед.
-
Аз муваффақиятҳо сархуш нашавед, ё бар худ маболед.
-
Аз худтаърифкунӣ бипарҳезед ва муваффақиятҳо бо натиҷаи пешинаи худ ва дигарон муқоиса намоед.
Дар хотир дошта бошед, ки муваффақиятҳо баъзан ба коратон таъсири манфӣ мерасонанд, яъне Шуморо аз пешравӣ бозмедоранд ва дар рақобати бозор мағлуб месозанд. Бинобар ин, бар муваффақиятҳо ҳамчун бар нобарориҳо баҳо дода, мо бояд дар ҷустуҷӯи имконот ва захираҳои наве бошем, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё