Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
тавонанд, моро барои иҷрои мақсадҳои нав расонанд. Бо ин манзур таҳлили танқидии бамақсадрасӣ бояд чунин бошад:
-
Мақсади асосии ман.
-
Ба мақсаддам расидам ё не?
-
Оё имкони аз ин бештар дорам?
-
Ман боз чӣ кор карда метавонам?
-
Нақшаи аввалиндараҷаи ман.
-
Мақсадҳои нави ман.
-
Роҳ, усул ва захираҳои бамақсадрасии ман.
Баъди пурра ва амиқ таҳлил намудани ҳамаи ин нишондиҳандаҳо ба ҳолати ҳақиқии кор шинос шуда, метавонед муваффақиятҳои ояндаро нишонагирӣ намоед. Муваффақияти Шумо пеш аз ҳама ба зинаҳои вазифадорӣ вобаста мебошанд, аз ин хотир барои аз ӯҳдаи вазифаи баланд баромадан имконот ва дастгирии атрофиёнро истифода намоед.
Барои нишонагирӣ ба ин мақсад бояд вобаста ба ҳолатҳо, роҳҳои нави ҳалли проблемаҳоро ҷустуҷӯ намуда, самти фаъолияти худро муайян намоед.
Дар ҳама ҳолат ба мазмун ва мақсади аслии масоил диққати асосӣ диҳед.
Бе исботи аниқу дуруст кореро иҷро нанамоед ва то хатои Шуморо аниқ нанамоянд, худдорӣ намоед. Барои ин доимо дар мулоқотҳо наҳаросида саволҳои: Барои чӣ? Кай? Чӣ хел? Кӣ? Чӣ бояд кард? Кӣ инро ба ӯҳда мегирад? Кай корро шурӯъ мекунем? ва ғайраро ба миён гузоред. Аз тарафи дигар ба ҳар як саволи гузошташуда роҳбар бояд ҷавоби аниқу саривақтӣ гирад.
Дар вақти гирифтани ҷавоб ба саволҳо низ бояд ба чунин масъалаҳо диққати махсус ҷудо намоем:
-
Ба савол кӣ ва бо чӣ мақсад ҷавоб додааст?
-
Оё ин ҷавоб ба фаъолияти корхона вобастагӣ дорад, ё не?
-
Аз ӯҳдаи иҷрои кори пешниҳодшуда мебароед, ё не?
-
Оё шахси дигаре, ки ин иҷрои корро ба ӯҳда гирифтааст, ба мақсад мувофиқ ҳаст?
-
Ҷавобҳои гирифта шуморо қаноатманд кардаанд?
Дар ҳар сурат мувофиқи имконот нагузоред, ки муҳокимаи масъала дурудароз тӯл кашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё