Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Қуллаи баланди вазифадорӣ ин вазифаи президенти ширкат буда, аз менеҷерон каме ба он мансаб соҳиб мегарданд. Барои он ки ҳар як менеҷер андешаи ба вазифаи баланд расидани худро намояд, бояд ба саволҳои зерин ҷавоб гӯяд:

  1. Вақти он нарасидааст, ки ман андешаи ба вазифаи баланд расидани худро намоям?
  2. Барои ман «вазифаи идеалӣ» кадом аст, ки ман қобилиятамро пурра битавонам, дар он амалӣ гардонам?
  3. Оё сабабҳое ҳастанд, ки боиси пешравии вазифаи ман - менеҷер мегарданд?
  4. Барои барҳам додани ин монеаҳо чӣ бояд кард?
  5. Барои ба мақсад расидан чӣ бояд кард?
    Дар ҳаёт аксар мавридҳое мешаванд, ки менеҷерон вазифаи худро тарк гуфта, ба соҳибкорӣ ва мустақилияти идорагӣ шурӯъ мекунанд. Шумо дар хотир дошта бошед, ки ҳангоми ба соҳибкории фардӣ гузаштан, шароит бароятон хеле дигар шуда, бояд онро аз нуқтаи сифр оғоз намоед. Бинобар ин, пеш аз ҳама ҳамфикрони худро бояд пайдо намуда, тавассути дастгирии онҳо ба мақсад ноил гардед.
    Ҳангоми роҳбарии фаъолияти хеш будан, имкон доред, ки қобилияти донишатонро пурра барои нишонагирии инкишофи хеш истифода намоед.

32.5. Нақшаи инкишофи ояндаи санъати менеҷмент

Дар ҳазорсолаи сеюм усулҳо ва шаклҳои идоракунии чӣ корхонаҳои калон
ва чӣ корхонаҳои хурд ба куллӣ тағйир ёфта, аз усулҳои пешина, ки қариб се
даҳсола истифода мебурданд, бо куллӣ фарқ мекунанд ва афзалияти зиёде низ
доранд. Чунин тағйирот ҳатто ба масъалаи дигаргуншавии мавқеъ ва мақоми
менеҷмент оварда расонидааст. Яъне имрӯз якчанд мафҳумҳои менеҷмент, аз
қабили ҳукмронӣ, сохтор, зинаи идорагӣ, назорат, мотивацияи истеҳсолот ва
ҳуқуқи моликиятдорӣ низ бояд тағйир дода шаванд. Зарурияти тавзеҳи

пешина
аз 522
навбатӣ