Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ҷавоб додани ҳалли масъала онро дар гурӯҳи алоҳида дида баромада, баъдан ҷавобашонро мегӯянд. Амрикоиҳо гуфтушунидро бо иштироки ҳуқуқшиносон бисёртар авло мешуморанд ва доимо доир ба ӯҳдадориҳои шартномаҳо хеле боандеша мебошанд. Олмониҳо бисёртар муносибатҳои кории мардонагиро баҳо дода, доимо кӯшиш ба он медиҳанд, ки ҳурмату эҳтироми баланди соҳибкорӣ ва инсонигарӣ нигоҳ дошта шавад.
Ғайр аз ин боз ҳар як шахс дар худ хусусият, хислату рафторҳои хосро доро мебошад, ки барои бовар кунонидани дигарон дар гуфтушунид талаботи зерин зарур аст:
-
Дар ҳама гуна гуфтушунид ва ё ҳалли масъала бояд ба худ боварии мустаҳкам дошта бошед.
-
Барои бовар кунонидани дигарон далелҳо ва рақамҳои аниқу дуруст истифода намоед.
-
Дар вақти муҳокимаи масъалаҳо ба эҳсосот роҳ надода, худро ба даст гиред.
-
Дар кадом дараҷаи муҳокимаи масъала, ки набошед, мақсади асосиро фаромӯш накунед.
-
Ҳаракат намоед ва одамонро бовар кунонед, ки фикри қабулшуда фикри онҳост.
-
Пеш аз муҳокимаи масъала Шумо варианти мувофиқи мақсад будаи ҳалли онро дар назар дошта бошед.
-
Хуб мешуд, дар навбати аввал фикру ақидаи дигаронро мешунидед.
-
Дар ҳолате, ки аввал фикратонро мегӯед, аз мавқеи худ ҳеҷ гоҳ даст накашед.
-
Ҳеҷ гоҳ ба касе «не» нагӯед, чунки ба Шумо низ «не» мегӯянд.
-
Барои дар гуфтушунидҳо бурд намудан, доимо барои худ далелҳои захиравиро нигоҳ доред, ки дар ҳолатҳои зарурӣ баён кардан лозим мешавад.
-
Агар муҳокимаи масъала ба муноқиша табдил ёбад, танаффус эълон намоед.
-
Дар ҳолати қабул надоштани пешниҳоди Шумо ба масоили дигар, ки тез қабул менамоянд, гузаред ва баъдан боз ба масъалаи асосӣ баргаред.
-
Ҳеҷ гоҳ як тарафро ҷудо нанамоед.
Албатта, истифодаи ин қоидаҳо вобаста ба ҳолатҳо ва шаклҳои муҳокимаю гуфтушунидҳо фарқ мекунанд. Бинобар ин, вобаста аз намуди гуфтушунидҳо усули гузаронидани онҳо ва қабули қоидаҳо низ тафовут ба назар мерасад.
Мисол, агар гуфтушунид ҳалли муноқиша бошад, бо истифода аз асоснокӣ ва таҳлили факту рақамҳо ба боварии ҳарду тараф ноил шудан зарур мебошад.
Агар гуфтушунид оид ба бастани шартномаи ҳамкорӣ бошад, то ба гуфтушунид ҳозир шудан тамоми масъалаҳоро ба таври хаттӣ ва ё гуфтугӯи телефонӣ ҳаллу фасл намоед, инчунин имкони даст кашидан аз шартномаро дар лаҳзаҳои ба худатон мувофиқ дар хотир дошта бошед.
Агар гуфтушунид оид ба нархи мол, ё худ дигар шартномаҳои меҳнатӣ бошад, ҳамкоратонро маҷбур насохта, нархи барои ҳарду тараф маъқулбударо қабул намоед.
Агар шартномаи коллективӣ бошад, пеш аз ҳама диққатро барои паст кардани шиддатнокии муносибатҳо равона сохтан лозим аст. Шумо бояд ба ҳамкорӣ доимо тайёр бошед.
Одамони дурбин, аз тақдири ояндаи худ андеша карда, доир ба тағйир додани вазифаи худ, фаъолияти худ чораҳо мебинанд. Менеҷер аслан бояд аз доираи имконоти худ зиёдтар ба нақша гирад, то ки тавонад қобилияти худро пурра истифода намояд. Барои ноил шудан ба чунин муваффақиятҳо, мо бояд пеш аз ҳама ба нақшагирӣ диққати махсус диҳем. Махсусан, оид ба нақшаи солона, андеша намоем, ки чӣ қадар фоида ба даст медарорем ва ба кадом мақсадҳои худ хоҳем расид. Ғайр аз ин, банақшагирӣ имкон медиҳад, ки ба ғайри дигари мақсадҳои худ расед, яъне нақшаро барои 12 моҳ бояд тарзе тартиб дод, ки барои инкишофи шумо мусоидат кунад. Қадамҳои асосӣ дар нақшаи 12-моҳа иваз кардани кор ва шӯғл буда, барои пешравӣ кӯмак мерасонанд. Гузариш ба кори дигар, пеш аз ҳама музди меҳнат ва дигар имконот мебошанд. Шарти асосӣ нишон додани қобилияти кордонӣ ва санъати роҳбарӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё