Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

истеҳсолии соҳа мебошад, таъсири Интернет ҳамчун варианти алтернативии нисбатан камхарҷ ва саривақтии ахбор басо бузург аст.

Вобаста ба инкишофи Интернет се проблемати менеҷмент дар асри XXI пеш омадааст.

  1. Ҳукмронӣ ба дасти истеъмолкунанда гузаштааст.
  2. Талаботи истеъмолкунанда ба истеҳсоли яккамолӣ гузашта истодааст.
    Яъне истеъмолкунанда мехоҳад, ки моли истеъмолии ӯ аз дигарон фарқ кунад.
  3. Истеъмолкунандагон бисёр мехоҳанд, ки ҳамон ҳиссаеро, ки миёнаравон, яъне дилерон ва дистрибютерҳо мегирифтанд, ба худӣ онҳо гузарад.

Ғайр аз ин чунин тағйирёбӣ менеҷонро маҷбур месозад, ки моҳияти логистикаро ҳамчун қисми таркибии фаъолияти худ истифода намоянд. Имрӯз истеъмолкунанда аз нархи мол ва хизматҳои аксари ташкилотҳо бохабар буда, дар нархгузорӣ бевосита, яъне бо роҳи ризогии худро доир ба нархи ин ё он намуди молҳо баён намудан, иштирок менамоянд.

Маҳз истеъмолкунанда акнун муайян месозад, ки кадом дараҷаи нарх барои онҳо маъқул аст. Ташкилотҳо дар сурати надоштани сохтори васеи ахборӣ ва логистикӣ наметавонанд, ки талаботи истеъмолкунандаро ба инобат гиранд.

Бозорҳои калони ҷаҳонии имрӯза аз қабили Чин, Ҳиндустон ва Туркия барои ширкатҳои байналмилалӣ имконоти калоне пайдо сохтаанд. Ин бозорҳо аз 600 млн. то 1 млрд. истеъмолкунандагони доимӣ дорад, аммо дараҷаи даромади онҳо хело паст мебошанд. Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ ба ҳар як сари истеъмолкунанда дар як сол қариб ба 2000 доллари амрикои мерасад.

Бозорҳои ҷаҳоние пайдо гаштаанд ва ё ташаккул ёфта истодаанд, ки ба менеҷмент таъсири дутарафа мерасонанд.

  1. Ба онҳо имкон пайдо гаштааст, ки доираи фаъолияти худро васеъ намоянд.
  2. Аз тарафи дигар пайдоиши бозори нави ҷаҳонӣ дар Осиё менеҷерони Ғарбро маҷбур месозад, ки хароҷоти иловагии худро хело кам намуда,
пешина
аз 522
навбатӣ