Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

моле истеҳсол намоянд, ки арзону хушсифат буда, ба талаботи бозори шарқӣ ҷавобгӯ бошанд.

Муаммои дигаре, ки вобаста аз дигаршавии талаботи истеъмолкунанда, тағйирёбии бозор ва мавқеи менеҷмент ба вуҷуд омадааст, ин проблемаи сохтори менеҷмент ва идоракунии зиндагӣ, ҳокимият ва ҳукмронӣ, назорат ва мувофиқакунонии фаъолият ва ғайра мебошанд.

Масалан, аллакай донишҷӯне, ки менеҷерони таҷрибадор солҳои дароз дар соҳаи бонкӣ доштанд, дар назди истифодаи хати электронии Интернет он қадар моҳият надоранд. Ин маънои онро дорад, ки менеҷерони синну солашон калон ва менеҷерони ҷавоне, ки дониши тамоми нави замонавӣ доранд, бояд омӯзанд.

Дар ин давра дар менеҷмент як ҳодисаи хеле муҳим ва нозук, яъне гузариш аз як хислат, хусусият ва фаҳмиши менеҷмент ба дигар сурат мегирад. Аз усули калонсолӣ, таҷрибадорӣ ва авторитети ҳукмронӣ менеҷмент бояд ба қобилият, зеҳн ва донишмандӣ гузарад. Чунин як ҷараён: гуногунии маданиву таъсироти он аз менеҷмент талаб менамояд, ки доираи ҳукмронӣ, авторитет, ҳокимият ва синну солро маҳдуд гардонад.

Кормандон бояд қоидаҳои умумии арзишҳои инсониро истифода намоянд, то аз марзи якчанд давлат гузашта, соҳибкорӣ намуда тавонанд. Ягон авторитет, синну сол ҳангоми аз як марзи давлат ба марзи дигар гузаштан нақш намебовад, ба ғайр аз қобилият, дониш, забондонӣ ва кордонӣ. Яъне худи бозор рафтор ва кордониро назорат карда, шарту шароити худро ба мо пеш мегузорад.

Чунин як тағйирёбӣ, албатта, ба якчанд фаҳмишҳо ва қоидаҳои дигар, аз қабили моликият, захираҳо, фонда ва тақсими он бетаъсир намемонад.

Соҳибмулкии анъанавӣ аз байн рафта истода, дар бозори ҷаҳонӣ қисмҳои алоҳидаи молро ду-се-чор ва якчанд давлат истеҳсол намуда, дар давлати панҷум ҷамъоварӣ карда мешаванд. Бинобар ин, менеҷерон маҷбур ҳастанд, ки ҳунару малакаи дониши худро сайқал дода, ба корхона, ташкилотҳои ҳамкори худ мувофиқ гардонида, фаъолият намоянд. Акнун мафҳумҳои дигар аз қабили махфӣ будани ахбор, ҳисоботҳо ва дигар фаъолиятҳои молиявӣ имрӯз хоҳу нохоҳ кушода шуда, талаб менамоянд, ки барои самаранок ташкил намудани чунин фаъолияти менеҷмент базаи калони ахбори ба ин мувофиқ ташкил карда шаванд.

пешина
аз 522
навбатӣ