Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

чунин бошад, ки тамоми кормандони ташкилот бо пуррагӣ мазмун ва роҳҳои инкишофи ояндаи корхонаро дарк намоянд, яъне дар ҳама звеноҳо нишонагирии мақсаднок вуҷуд дошта бошад.

  1. Ташкили модели концептуалии системи арзишҳо, рафтори роҳбарӣ, қоида ва амалигардонӣ, инчунин чорабиниҳо оиди низоми меҳнат, таъминоти сифатноки фаъолият, дастаи ягона будани ҷамъияти корӣ ва таъмини инкишофи донишу донишӯз дар ташкилот.

  2. Диққати асосиро на ба ҳуқуқи ҳукмронӣ ва истифодабарӣ, балки ба предмети таъсиррасонӣ ҳамчун узви як оила бояд дод, ки дар асоси иҷрои вазифаҳо, боварӣ ва дар асоси базаи мустаҳками ахборӣ сурат мегиранд. Дар идоракунии муомилаи байни якдигарии кормандон ягон ҳукумати шахсӣ, авлодӣ, нажодӣ ва рафторҳои ғайриисонӣ набояд вуҷуд дошта бошанд.

  3. Бартарӣ, ҳавасмандкунӣ ва мусобиқаро барои кордонӣ, қобилият ва навовариҳо равона сохта, омилҳои таъминкунандаи инкишофи корхонаро дастгирӣ бояд намуд. Омӯзиши бетанаффӯс, нишонагирӣ барои таъмини самаранокии фаъолият бо даста кор карда тавонистан, кушодагии ахборӣ ва имконоти истифодаи он аз тарафи кормандон, равандҳои ояндаи менеҷменти асри XXI мебошанд.

  4. Суръати баинобатгирии дигаргуншавӣ, тағйирот ва ислоҳот дар равандҳои фаъолияти ташкилотҳо бояд хеле ҳам тез гарданд, чунки фақат фаъолияти оҷилии идоракунӣ метавонад, суръатнокии фаъолиятро таъмин созад. Бюрократизми идоракунӣ, маъмуриятчигӣ ва табақаҳои монеъшаванда ҷои худро ба қарори босуръати оҷилӣ ва кордонӣ иваз намояд.

  5. Пуррагӣ ва универсализми захираҳои кормандони бахши менеҷмент бояд таъмин карда шаванд. Дар шароити пайдо шудани имконот ба ин ё он фаъолият, корхона захираҳои заруриро дошта бошад. Системаи комбинатсионии фаъолият бояд ҷои системаи маъмурии фармонфармоиро гиранд.

  6. Пешвоии зеҳнӣ ва хирадмандӣ дар ҳама звеноҳои менеҷмент бояд мақоми аввалиндараҷа гирад. Бинобар ин, ҷалб намудани қобилият, нигоҳдории

пешина
аз 522
навбатӣ