Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

он дар ташкилот ва инкишофи қобилияту кордонии сарчашмаҳои асосие мегарданд, ки ҳатто нисбати захираҳои молиявӣ низ болотар меистанд.

Яъне талаботи асосии менеджмент на фақат миқдори захираҳои молиявӣ ва ҳаҷми умумии маҳсулот, балки донишмандӣ, хирадмандӣ ва маданияти баланди роҳбарӣ доштан дар шароити гуногуншаклии маданияти менеджмент, васеъшавии ҳудудҳои байнидавлатии менеджмент мебошанд, ки дар ҳама ҳолатҳо арзишҳои баланди ба худ хоси роҳбариро талаб менамояд.

Чунин талаботҳо, ки дар боло номбар карда шудаанд, бевосита аз ҳар як менеҷер, кормандони дастаи менеджмент, кордонӣ, қобилиятнокӣ, соҳиби дониши нави замонавӣ будан ва дигар арзишҳои баланди инсониро талаб менамоянд.

32.6. Маслиҳатҳои муфиди Дейл Корнеги1

❖ Пеш аз он, ки Шумо ба мутолиаи китоб оғоз намоед, фикр кунед, ки ин китоб бароитон беҳтарин чизро медиҳад.
❖ Ҳангоми мутолиа, оҳиста ва бодиққат бошеду ҳар як фикрро таҳлил намоед.
❖ Дар худ хоҳишеро ба вуҷуд биоред, ки қоидаҳои муносибатҳои инсониро риоя менамоед.
❖ Дар вақти мутолиа ҳар фикри муҳиму заруриро хат кашед.
❖ Дар ҷараёни хониш истода андеша намоед, ки ин фикрро Шумо дар ҳаёт чӣ хел татбиқ мекунед.
❖ Доимо ба мутолиаи китобе машғул бошед.
❖ Дониши омӯхтаатонро бо дигарон гуфта диҳед.
❖ Хонданро ҳамчун як бозии завқовар қабул намуда, пайваста бозӣ кунед.
❖ Андеша намоед, ки хониши китоб барои ояндаатон чӣ медиҳад.
❖ Таҳлил кунед, ки баъди мутолиаи ҳар як китоб Шумо чӣ хел тағйир ёфтаед.

1 Корнеги Д. Как завоевать друзей и оказивать влияние на людей. Ростов на Дону: Изд-во. Феникс. 1996. – 672 с.

пешина
аз 522
навбатӣ