Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

МуҷАССАМАН «Дуои модар»
дар саҳни Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Модари тоҷик - яке аз рамзҳои асосии ҳастии миллат, давомбахшандаи наслҳо ва нигаҳдорандаи ному нанги миллати тоҷик мебошад, зеро агар модар намебуд, ҳеҷ гуна ибтидо низ набуд ва ҳеҷ гуна идома низ намешуд.

Таърихи чандинҳазорсолаи тамаддуни тоҷикон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки миллати тоҷик дар даврони ташаккулу тамаддуни пургановати хеш чандин шикастҳову аз нав пайвастанҳо, афтоданҳову бархостанҳо ва фурӯ рафтанҳову эҳё шуданҳоро аз сар гузаронидааст. Ва ба вақти ҳар шикаст, чизе сабаб шуда, ки боз пайвасти нав муяссар гардида...

Оре, сабабгори ҳастиву бақои миллат бешак Модари тоҷик аст. Модари тоҷик ба монандӣ рӯшание дар фарҷоми зулмати шаб, шӯълаи умеде дар байни селаи навмедиҳо ва бахти сафеде дар миёни тирагиҳову хирагиҳост.

Ва он мӯъҷизае, ки каромату шаҳомати модари тоҷикро тасдиқ менамояд - дуои ӯст. Дуои модар - шояд дар назар як чизи одиву муқаррарист - аммо ҷаҳон - ҷаҳон маънӣ ва бузургтарин қувваро дар худ таҷАССум мекунад. Вақте мегӯянд, модар бо як даст

пешина
аз 275
навбатӣ