Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад, ҳаминро дар назар доранд, ки модар фарзандро ба дунё меоварад ва минбаъд бо ранҷи зиёд онро ба камол мерасонад ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан дуо мекунад. Минбаъд фарзанди модар дар рушди ҳаёт саҳм мегузорад - илм меандӯзад, сабақ меомӯзад, кашф мекунад, ихтироъ мекунад, месозад ва чизҳоеро дар ҳаёти инсонӣ инкишоф медиҳад. Ин дунёи муосиру мутараққиро, ки имрӯз мову шуморо иҳота кардааст, ана ҳамон дастони гаҳвораҷунбон ва дуокунандаи модар такон додааст.

Модар дуо мекунад, то ки фарзандаш нуктадон шавад. Модар дуо мекунад, то ки мулк ободу дар амон ва ҷамъи мардум осоишта бошанд. Модар дуо мекунад, то ки рӯзҳо пурфайз, заминҳо ҳосилхез, дастархонҳо пурнеъмат ва одамон сарҷамъу иттифоқ бошанд.

Модар дуо мекунад, то ки ҳаёти инсонӣ чун гулҳои муаттар зебову шукуфон ва нақҳатафшон бошад... Модар дуо мекунад, то ки баҳори умри ҳар инсон бехазон бошад...

Пас, месазад, ки ба бузургии ҳастии модари тоҷик иқрор шавем, ӯро азизу мӯътабар дорем ва эҳтиромашро сидқан ба ҷо оварем.

пешина
аз 275
навбатӣ