Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Бохтар муваққатан манъ карда шуданд.
Соли 2021 — ро давраи пурсамари фаъолияти фурудгоҳи Бохтар гӯем ҳам, хато нахоҳад шуд. Дар ин давра, фурудгоҳ бо се ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, ҶДММ «Северний Ветер», ҶС «Авиакомпания Сибир» - и Россия ва ҶДММ «МЕРА Травелс» - и Ҳиндустон (ширкати боркашонӣ) дар доираи талаботи авиасионӣ ҳамкориро ба роҳ монда, аз фурудгоҳи номбурда ба 13 самт парвозҳои мунтазаму чартерӣ анҷом дода шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар соли 2021 ширкатҳои номбурда дар 286 хатсайр парвозҳоро анҷом дода, 56096 мусофирро интиқол додаанд, ки аз ин 46426 нафар мусофири гуселшуда ва 9670 мусофири қабулшуда мебошад.
Аз байни ширкатҳои зикргардида, ҶДММ «МЕРА Травелс» дар соли 2021 бо ҳавопаймоҳои боркашон дар 7 хатсайр парвозҳоро анҷом дода, 66,74 тонна борро интиқолу қабул намудааст, ки аз ин миқдор 63,24 тонна маводи доруворӣ ва 3504 кг маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мебошад.
Хушбахтона, ҳоло парвозҳо аз «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» ба самти шаҳрҳои Санкт - Петербург, Москва, Екатеринбург, Челябинскии Россия анҷом дода мешаванд. Дар ин давра интиқоли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё